Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти сохторҳои вазорат дар маҳал ба ҳисоб меравад. Дар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз ҷониби кормандони Хадамоти муҳоҷират, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, муассисаҳои давлатии “Маркази машваратии омодасозии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, “Агентии бо кор таъминкунӣ дар хориҷа” ва “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотонӣ гузаронида мешаванд. Ин чорабиниҳо ба пешниҳоди хизматрасониҳои сохторҳои вазорат, ҷалби шаҳрвандон ба касбомӯзӣ, бо кор таъмин намудан дар ҷойҳои кори холии мавҷуда, фарогирӣ ба корҳои мавсимӣ, инчунин шиносоӣ бо ҷойҳои кори холии пешниҳодшуда аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ равона гардидаанд. Ҳамзамон, ба шаҳрвандон оид ба шарту шароити кор дар хориҷи кишвар, қонунгузории муҳоҷиратии давлатҳои қабулкунанда ва дигар масъалаҳои марбут маълумоти зарурӣ дода мешавад.
Аз ҷумла, чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар фурудгоҳҳои кишвар низ ташкил ва баргузор гардиданд.
https://www.facebook.com/share/p/1BktPwLEeD/
Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”
Бонувони Хадамоти муҳоҷират корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни муҳоҷирони бозгашта ва он нафароне, ки азми сафар ба Федератсияи Россия доранд дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” ҳамарӯза баргузор намуда истодаанд.
Дар рафти вохӯрӣ бонувони Хадамоти муҳоҷират бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ бо ҳар як нафари муҳоҷирони меҳнатие, ки айни замон аз Федератсияи Россия ба ватан бозгаштаанд ҳамсуҳбат шуда, дар таъмин намудани онҳо бо вакансияҳои ҷойҳои кории холӣ дар дохили кишвар, инчунин ба касбомӯзӣ ва забономӯзии ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои муфид медиҳанд.
Аз ҷумла, ба он нафароне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Россия равонаанд, таъкид карданд, ки ҳатман шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии (Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид)-и ВКД ФР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПВС), ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, аз маҳзани манъшудагон санҷида баъдан азми сафар намоянд, зеро назорат дар сарҳадоти қаламрави кишвари Россия пурзур карда шудааст.
Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ расонида шуд, ки айни замон ширкатҳои зиёди Федератсияи Россия омодаанд шаҳрвандони моро бо тарзи муташакилона барои фаъолияти меҳнатӣ дар ин кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуда, ҳуҷҷатгузорӣ, роҳкиро, музди меҳнати арзанда ва ҷойи хобро ба уҳда мегиранд. Хоҳишмандон метавонанд ба МД “Марказҳои омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Хоруғ муроҷиат намоянд.
Инчунин, ба маълумоти шаҳрвандони ҷумҳурӣ расониданием, ки дар Хадамоти муҳоҷират хати оҷилӣ (кол центр) фаъолият дорад, шаҳрвандон метавонанд бо рақами 900800800 дар тамос бошанд.