ИҚДОМИ НАВБАТИИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ СУЛҲОФАРИ МИЛЛАТ
https://www.facebook.com/share/p/1CUMnZRupM/
Шоми 25-уми июни соли равон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи махсусро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» қабул намуд. Ҳадафҳои асосии Даҳсола мусоидати давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ба таҳкими сулҳи устувор, тарғибу ташвиқи муколамаву мусолиҳа, ҳамзамон дастгирии таомули байни кӯдакону ҷавонон ва пиронсолон, бо дарназардошти талаботу манфиатҳои наслҳои оянда маҳсуб меёбанд. Боиси хушнудист, ки чунин иқдомҳои умумиҷаҳонӣ маҳз бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат амалӣ хоҳанд шуд. Қабули ин Қатънома бори дигар собит менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯю эътибори хос мебошанд.
Ҷоизи таъкиди махсус аст, ки иқдоми таърихӣ аз ҷониби Пешвои сулҳофари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлате, ки мардумаш даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар намудаасту ба қадри сулҳу амонӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасад ва сабақҳои талхи он фоҷиаи миллиро ҳаргиз фаромӯш намекунад, басо саривақтӣ ва ниҳоят муҳим мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» иброз доштанд: “Қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд.
Санади мазкур аз ҳамаи давлатҳо даъват менамояд, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд. Вобаста ба ин, мо бояд дар навбати аввал ба наврасону ҷавонон, ки созандагони ҷаҳони фардо мебошанд, омӯзонем, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест.
Сулҳ фарҳанг аст.
Сулҳ масъулият аст.
Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст.
Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст.”
Имрӯз барои хурду бузурги ҷумҳурӣ мояи ифтихору саодатмандист, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳи пойдор ҳукмфармост. Вале роҳи расидан ба сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсии имрӯза ба осонӣ ба даст наомадааст.
Маҳз сулҳу суботи пойдори кишвар заминаи пешрафти ҷомеа маҳсуб меёбад. Пешрафти ҷумҳурӣ дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ, илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ, инчунин, нақши фаъол дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла рӯзномаи байналмилалии об ва ҳифзи пиряхҳо дастовардҳоеанд, ки ба аҳли ҷомеаи Тоҷикистони навин аз баракати сулҳу субот муяссар гардиданд.
Метавон махсусан қайд намуд, ки сарчашмаи пешравӣ ва ташаббусҳои мо арзишҳо ва анъанаҳои деринаи ҳамзистии осоишта мебошанд, ки дар ҷомеаи тоҷикон аз замонҳои хеле қадим ташаккул ёфтаанд. Тавре ки Пешвои муаззами миллат қайд мекунанд, сарзамине, ки дар марзи фарҳангҳо, забонҳо ва анъанаҳои гуногун қарор дошт, дар тӯли замон ба чорроҳаи ҳамзистиву ҳамкорӣ, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба забону фарҳанг ва урфу одатҳои ҳамдигар табдил ёфт.
Маҳз ҳамин мероси ғании фарҳангӣ, ки дар домани тамаддуни ориёӣ ташаккул ёфтааст, имрӯз барои пешбурди ташаббусҳои сулҳофарини Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овардааст. Дар ин замина, бо ибтикори Тоҷикистон ва дастгирии кишварҳои ҳамфикр соли гузашта дар Конфронси генералии ЮНЕСКО қатъномаи «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии хуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» қабул гардид, ки аз решаҳои амиқи таърихии арзишҳои сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар тамаддуни бостонии аҷдоди мо гувоҳӣ медиҳад.
Мусаллам аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати фарҳангӣ ва дигар мардумони форсизабон дар рушди илму маърифат ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштаанд. Заминагузорони ин ганҷинаи ниҳоят арзишманд олимону файласуфон, шоирону нависандагон ва мутафаккироне буданд, ки мероси нодиру камназири онҳо аз василаҳои пешбарандаи илму фарҳанги инсоният маҳсуб меёбанд. Воқеан ҳам, барои он ки наслҳои ояндаи инсоният дар фазои сулҳу оромӣ имкони ҳамзистӣ, рушд ва ҳамкориро дошта бошанд, бояд бартарафсозии ҳама гуна мушкилоти ҷаҳонӣ танҳо бо роҳи муколама ва ҳамкории созанда сурат гирад.
Дар навбати худ, тарбияи насли наврас бояд дар руҳияи бунёдкорӣ роҳандозӣ гардад. Сулҳи устувору пойдор ҳамчун ҳадафи ниҳоии аҳли ҷомеа дар заминаи ба эътиборгирии арзишҳои ҳамзистии осоишта, таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба фарҳангҳои гуногун ва дарки масъулият барои ояндаи осоиштаи ҷомеа ба даст оварда мешавад. Аз ин лиҳоз, дар раванди таълиму тарбияи насли наврас шахсонеро бояд ба воя расонид, ки майлу рағбат бар офаринишу эҷод кардан, сохтан ва бартарафсозии мушкилот бо роҳҳои осоиштаро доранд.
Маҳмадбекзода Моёншо Шодмон,
доктори илмҳои сиёсӣ, директори
Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи
меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ