Рӯзҳои 15-16 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар Конфронси шашуми вазирони меҳнати кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ баргузор гардида, дар кори он вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар конфронс вазирони меҳнат ва роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзо, инчунин намояндагони ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, коршиносон, олимон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок карданд.
Дар Конфронс масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии муштарак миёни кишварҳои узв ва тақвият бахшидан ба ҳамгироӣ ва таҳкими сиёсати меҳнатӣ байни ниҳодҳо ва сохторҳои узви Созмони мазкур, сабабҳои бекорӣ дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон, рушди малакаҳои касбӣ мувофиқи талаботи бозори меҳнат, мусоидат ба меҳнати арзанда ва ноил шудан ба рушди устувор баррасӣ гардиданд.
Дар ҳошияи сафари мазкур Холмаҳмадзода Солеҳа бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар Алӣ Бин ал-Маррӣ мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо оид ба раванди татбиқи “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар» аз 3 феврали соли 2019 ибрози назар карда, аз фароҳам будани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати рушди ҳамкориҳо ёдовар шуданд.
Аз ҷониби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа вазъи ҳамкориҳо дар самти танзими қувваи корӣ баён шуда, барои таҳкими ҳамкориҳо пешниҳодҳо манзур гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки дар доираи татбиқи Созишномаи мазкур МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати “Ҷусур”-и Давлати Қатар созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки ҷиҳати ба роҳ мондани муҳоҷирати меҳнатии танзимшаванда ва қонунӣ мусоидат мекунад.
Вазир дар баробари баррасии вазъи ҳамкориҳо ба ширкати мазкур бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар, инчунин бо роҳбари ширкати “Ҷусур” Абдулҳоди Бахит Баркон вохӯрӣ намуда, самтҳои ҳамкори минбаъдаро мушаххас намуданд.
Дар доираи сафар мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо вазири маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар Лулва бинти Рошид Ал Хотир баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи омодасозии мутахассисон барои бозори меҳнатро баррасӣ намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар самти таҳсилоти касбӣ, табодули таҷриба ва татбиқи барномаҳои муштарак дар соҳаи маориф ва шуғл мубодилаи назар намуданд.
Инчунин, тарафҳо имконияти ҷалби мутахассисони тоҷик ба бозори меҳнати Давлати Қатар ва роҳҳои тақвияти робитаҳои дуҷониба байни муассисаҳои таълимии ҳарду давлатро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва иртиботи сатҳи олии роҳбарони ду давлат заминаи боэътимод барои тавсеаи ҳамкории минбаъда мегардад.