img
МУЛОҚОТИ ВАЗИР БО  РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОҶИРАТ

11 апрели соли 2025 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа  бо роҳбари Намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутенко Виктор мулоқот намуд.

 

Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд намуданд, ки дар доираи ҳамкориҳои муштарак як қатор лоиҳаҳо дар соҳаи танзими равандҳои муҳоҷират бомуваффақият амалӣ карда шуданд ва чанд лоиҳаи дигар идома дорад.

 

Яке аз натиҷаҳои пурсамари фаъолият ин ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шартномаи Глобалии муҳоҷирати бехатар, муназзам ва мунтазам мебошад, ки ҷиҳати танзими равандҳои муҳоҷират, аз ҷумла мубориза бо хариду фурӯши одамон ва ҳамгироии муҳоҷирони меҳнатӣ равона шудааст. Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи фаъолият иброз  намуданд.

12.04.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ