img
ИШТИРОК ДАР ДАВИ МИЛЛӢ

https://www.facebook.com/share/p/1BM2qZaoRw/

 

Субҳи 17 майи соли 2026 роҳбарият ва ҳайати васеи кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар баробари кормандони дигар вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо ҷиҳати тарғиби варзишу ҳаёти солим дар чорабинии умумиҷумҳуриявии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ иштирок намуданд.

 

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҷалби сокинон ба варзиш ва баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву ватандӯстӣ арзёбӣ мегардад. Дар ин ҳамоиши варзишӣ намояндагони вазорат бо рӯҳияи болида ва фаъолона ширкат варзида, ҳамқадами дигар кормандони касбу кори гуногун масири муайяншударо тай намуданд.

 

Чунин чорабиниҳои дастаҷамъонаи ҳамкорон як падидаи бисёр ҷолибу фараҳбахш ба саломатию бардамии ҳар як фарди ҷомеа, бартарияти андешаҳои солими ватандӯстӣ, осоиштагӣ, қадршиносии обу хоки ин Ватани маҳбубамон ба шумор меравад.

 

Мавриди зикр аст, ки Дави миллӣ ҳамасола ҳамчун яке аз чорабиниҳои муҳими варзишии ҷумҳурӣ бо иштироки васеи аҳолӣ баргузор гардида, барои рушди ҷомеаи солим мусоидат менамояд.

 

19.05.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ