22 сентябри соли ҷорӣ вазири меҳнат ва таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия Ведат Ишикан ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Нахуст ҷаноби Ведат Ишиканро вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа ба ҳузур пазируфта, ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳо ва дурнамои он дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ табодули афкор намуданд.
Дар идома ҷаласаи якуми Кумитаи муштараки кории Тоҷикистону Туркия баргузор гардида, дар он вазъи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи амали Созишномаи ҳамкории мутақобила байни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия аз 11 октябри соли 2002 баррасӣ гардид.
Ҳайати ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи нозироти меҳнат, ҳифзи саломатӣ, бехатарии меҳнат, рақамикунонии хизматрасониҳои шуғли аҳолӣ ва рушди малакаҳои касбиро муайян намуда, лоиҳаи Нақшаи амали муштарак барои солҳои 2026 – 2027 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани созишномаи болозикрро баррасӣ карданд. Аз натиҷаи ҷаласаи мазкур вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа ва вазири меҳнат ва таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия Ведат Ишикан протоколи дахрдорро ба имзо расониданд, ки Нақшаи амали муштарак барои солҳои 2026 – 2027 тасдиқ ва самтҳои ҳамкорӣ барои ду соли оянда мушаххас карда шуданд.
Дар назар аст, ки дар доираи Нақшаи амали муштарак барои солҳои 2026 – 2027 ҳамкориҳо дар самтҳои меҳнат, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, баланд бардоштани самаранокии назорати меҳнат ва тартиб додани усулҳои муосири назорат, шуғли аҳолӣ, рушди малакаҳои касбӣ ва гузаронидани тадқиқоти муқоисавӣ таҳким ва тақвият хоҳанд ёфт.
Дар идомаи ташриф ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири меҳнат ва таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия Ведат Ишикан ва ҳайати ҳамроҳони ӯ аз МД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” дидан намуда, барои ҳамкриҳои минбаъда дар самти касбомӯзии аҳолӣ изҳори омодагӣ карданд.