30 апрели соли 2026 сафари ҳайати расмии музофоти федералии Баварияи Ҷумҳурии Федеративии Олмон таҳти роҳбарии Котиби давлатии Вазорати иқтисод, рушди минтақавӣ ва энергетикаи Бавария Тобиас Готтҳардт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар доираи он мулоқоти сатҳи баланд ва имзои санадҳои ҳамкорӣ сурат гирифт.
Дар ҷараёни ин сафар, намояндагони Вазорати иқтисод, рушди минтақавӣ ва энергетикаи Бавария, Агентии шуғли аҳолӣ, Палатаи ҳунармандони Мюнхен ва Баварияи Боло, инчунин як қатор сохторҳои иқтисодию таълимии ин музофот, аз ҷумла Иттиҳоди иқтисоди Бавария, маркази таълимии bbw gGmbH ва ширкати TELC GmbH ба Душанбе ташриф оварданд.
Ҳайати олмонӣ дар доираи барномаи сафар бо Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода мулоқот анҷом дод. Дар маркази гуфтушунидҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, омодасозии кадрҳои ҷавон, таҳсилоти касбӣ ва мутобиқсозии бозори меҳнат ба талаботи муосир қарор доштанд.
Яке аз натиҷаҳои муҳими ин сафар имзои Ёддошти тафоҳум байни ҷонибҳо гардид, ки заминаи ҳуқуқӣ барои ҷалби мутахассисони ҷавони соҳибтахассус аз Тоҷикистон ба бозори меҳнати Олмон ва рушди барномаҳои муштараки таълимӣ фароҳам меорад.
Ҳамзамон, ҳайати олмонӣ аз Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои муосири касбӣ» боздид намуд. Меҳмонон сатҳи баланди таълим ва омодасозии амалии мутахассисонро дар соҳаҳои кафшергарӣ, таъмири мошинҳо ва қаннодӣ мусбат арзёбӣ карданд.
https://www.facebook.com/share/1BNUz7FpRA/