Санаи 14 майи соли 2025 дар ҳошияи баргузории Форуми XVI байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: КАЗАНФОРУМ" Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа дар машварати “Нигоҳи Занон” (Женский взгляд) иштирок намуд. Чорабиниро аз рӯи анъана аъзоёни ассотсиатсияи занони вакилони халқи Шӯрои давлатии "Мерхэмэт - Милосердие" ташкил карданд.
Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур соҳибкорон, коршиносон ва пешвоёни афкорро барои табодули таҷриба, рушди роҳбарии занон, таҳкими робитаҳои байналмилалии тиҷоратӣ ва ҷустуҷӯи имкониятҳои нави ҳамкорӣ муттаҳид кард. Чорабинӣ дар шакли муколамаи зинда баргузор шуда, дар он мураббиёни ВАО, роҳбарони нашриётҳо, ширкатҳои истеҳсолкунандаи либосҳои мусулмонӣ ва намояндагони дигар бахшҳои тиҷорат суханронӣ карданд.
Ба иттилои Алсу Набиева - Роҳбари иттиҳодияи "Мерхэмэт — Милосердие" ҳар сол шумораи шарикони мо, аз ҷумла аз кишварҳои хориҷӣ ва минтақаҳои Русия, ки ба таъсис ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд манфиатдоранд, меафзояд.
Номбурда афзоиши шумораи иштирокчиёни хориҷӣ ва лоиҳаҳои марбут ба иқтисодиёт ва бахши бонкӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кард. Яке аз фарқиятҳои форуми ҳозира иштирок дар треки занони дипломатҳои дар Қазон фаъолият менамуда, инчунин роҳбарони ташкилотҳои занона аз АМА, Ӯзбекистон, Миср, Африқои Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо буд.