img
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ВА СИЁСАТИ ХУКУКИИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ

Коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаби чамъиятӣ буда, дар замонҳои қадим пайдо шуда, то имрӯз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Дар замонҳои қадим ”коррупсия” ба истилохи фасод, вайронкунанда ва фурхтани мансаб маънидод шуда, ҳамчун рафтори истифода намудаи имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин кирдор дастзада, дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мешуданд.

 

Ин падидаи номатлуб ва зуҳуроти хатарнок мебошад, ки ба ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Дар миқёси ҷаҳон ҳамчун як ҷинояти вазнин ва унсурҳои таҳдидкунанда ва ба оромии кишвар халалдоркунанда ба ҳисоб меравад. Муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буда, давлат мунтазам барои паст намудани шиддат ва сатхи коррупсия саҳми худро мегузорад. Бояд кайд кард, ки б0 ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мубориза б0 коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон карор дорад.

 

Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумхурӣ” ироагардида, кайд намуданд, ки дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар оид ба ҷиноятҳои коррупсионӣ, хатарҳои он, тарзу усулҳои пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ масъалагузорӣ менамоянд ва дар робита ба ин чораҳои зарурии пешгирӣ аз ин рафторҳои номатлуб андешида мешавад. Бояд қайд кард, ки пас аз ба тасвиб расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, яъне шуруъ аз 25 уми сентябри соли 2006 дар Ҷумхурии Тоҷикистон то кунун зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуда, барномасозии муқовимат ба коррупсия дар сатҳи давлатӣ рохандозӣ гардид.

 

Сиёсати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ сиёсати ҳадафмандона ва аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок буда, барои пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири манфии коррупсия, инчунин бартараф намудани сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда равона шудааст. Сиёсати ҳуқуқии зиддикоррупсионии кишвар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан дар паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ зикр намуданд, ки Вазифаи муҳимтарини ҷомеаи дорои иқтисодиёти бозоргонӣ мубориза б0 коррупсия мебошад. Ҳамзамон, Сарвари давлат дар Паёми зикршуда оид ба қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи тадбирхои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия РИШВАХӮРӢ аз 21уми июли соли 1999, .N2 1262 ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди коррупсия аз 10-уми декабри соли 1999, N2 875 хотирнишон сохта, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар СОХТОРҲОИ дахлдор вазифадор шуданд, ки иҷрои санадҳои мазкурро таъмин намоянд.

 

Барои ба танзим даровардани фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза б0 коррупсия ва муайян кардани мансубияти ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза б0 коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми марти соли 2008, N2 374 ва б0 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми сентябри соли 2007, jf2 414 Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо кабул гардиданд.

 

Дар ин замина, дар чумхурӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ таҳия ва кабул гардидаанд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии хукукӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии (28-уми декабри соли 2012, jf2 925), дар бораи муқовимат ба коррупсия (7-уми августи соли 2020, Jf2 1714) қабул шуда, б0 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2008, jf2 34 Стратегияи мубориза б0 коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 ва б0 фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, N2 1504 Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва аз 3-юми августи соли 2021, Ј\Г9 222 Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тасдик гардида, ба як катор санадҳои қонунгузории соҳавӣ бо мақсади мутобик гардонидани онко ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи мубориза бар зидди коррупсия тағиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.

 

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як анъаъна ва иқдоми неке ба роҳ монда шудааст, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла, кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, мақомоти хифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни харбӣ, кормандони муассисахои маориф, фарханг, варзиш ва тандурустӣ, муассисаҳои сохаи хифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилоту муассисаҳои бучетӣ ва андозаи нафакаву стипендияҳо зиёд карда мешаванд.

 

Масалан, дар даврони соҳибистиклолии мамлакат бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии ахолӣ, бехтар намудани шароити зисту зиндагонии шаҳрвандон ва таъмини шоистаи ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолии мамлакат зиёда аз 25 фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси баланд бардоштани музди меҳнат, андозаи нафақа ва стипендияҳо ба тасвиб расидаанд, ки аксарияти онҳо дар заминаи дастуру вазифаҳои паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, ки дар маҷмуъ ба коҳиш ёфтани шиддати коррупсия дар кишвар мусоидат намуданд.

 

Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бар зидди коррупсия нақши бениҳоят бузург дорад, зеро дар Паёми Президенти мамлакат ҷиҳати садди устувор гузоштан дар роҳи кирдорхои коррупсионӣ тарзу усулхои муковимат ба ин падидаи номатлуб баён гардидаанд. Илова бар ин, бо назардошти хавфу хатари зиёд доштани коррупсия мубориза бар зидди он самти афзалиятноки сиёсати хукукии давлат зикр шудаанд. Дар асоси талаботи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия чораҳои ташкиливу хукукӣ роҳандозӣ гардидаанд.

 

 

 

Султонова С.М.

Мудири бахши кадрҳо ва ҳуқуқи

МД "Маркази такмили ихтисос ва бозомузии кормандони низоми

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

05.01.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ