img
БАРРАСИИ РАФТИ ИҶРОИ НАҚШАИ АМАЛИ ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ 28 МАРТИ СОЛИ 2023, №135 “ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2023-2027” ДАР СОЛҲОИ 2023-2025

Санаи 14 майи соли 2026 таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мансурӣ Дилрабо дар бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба рафти иҷрои Нақшаи амали қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №135 “Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” дар солҳои 2023-2025 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шарикони иҷтимоӣ ширкат варзиданд. Тибқи рӯзномаи ҷаласа рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №135 “Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” дар солҳои 2023-2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Оид ба масъалаи баррасишаванда ҳисоботи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холмаҳмадзода Солеҳа шунида шуд.

 

Қайд гардид, ки Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2027 ба ҳайси ҷузъи ҷудонопазири Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии шуғли аҳолӣ ва дар ин замина таъмин намудани суботи иҷтимоию иқтисодӣ нақши муҳим дорад. Барномаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №135 тасдиқ гардида, фарогири маҷмӯи тадбирҳоест, ки барои мусоидат ба шуғли аҳолӣ шароит фароҳам оварда, ба ин васила ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии кишвар замина мегузоранд. Дар солҳои 2023-2025 дурнамои маҷмӯии чорабиниҳои барнома дар сатҳи 117,9 фоиз таъмин гардида, дар маҷмӯъ дар ин давра аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат ба 499,0 ҳазор нафар шаҳрвандон хизматрасонии иҷтимоӣ анҷом дода шудааст.

 

Дар муҳокимаи масъала муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовини вазири кишоварзӣ Аҳмадзода Б, муовини Кумитаи андоз Маликзода Н, муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Қурбонзода У ширкат намуда, фикру андешаҳои худро оид ба татбиқи барномаи мазкур иброз намуданд. Ҷиҳати таъмини иҷрои босифати чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар давраи боқимонда қарори дахлдор қабул карда шуд.  

 

Дар фарҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки масъалаи баррасишуда барои татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дошта, ба дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон нигаронида шудааст, ки меҳвари ин сиёсатро дар бар мегирад.

15.05.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ