Забон муҳимтарин нишона ва рукни ҳастии ҳар миллат ба шумор меравад. Таҷрибаи таърихӣ собит месозад, ки маҳз забон миллатро ҳамчун воҳиди иҷтимоӣ ҳифз намуда, пайванди наслҳоро дар масири таърих таъмин мекунад. Забони модарии мо низ ҳамчун забони куҳанбунёд, ғановатманд ва тамаддунофар дар тӯли қарнҳо дар ташаккул ва пойдории миллати тоҷик нақши калидиро иҷро менамояд. Забони мо на танҳо воситаи муошират, балки ҳамчунин, нигаҳдорандаи хотираи таърих, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои маънавӣ ба шумор меравад.
Бинобар ин, чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд. Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад. Он гоҳ мо метавонем дар тарбияи наслҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба Модар, Ватан ва забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, муваффақ шавем”.
Аз ин нуқтаи назар, барои боз ҳам бою қавӣ гардони забони тоҷикӣ, ҷустуҷӯ, сара карда гирифтан ва ворид намудани калимаву ибораҳои лаҳҷаҳои маҳалҳои кишварамон ба забони адабии тоҷик аз манфиат холӣ нест. Ҳоло ҳам дар баъзе мавридҳо дар гуфтугӯйи мардум дар деҳоти дурдасти Тоҷикистон ибораву калимаҳоеро во хӯрдан мумкин аст, ки хело дилчасп, талаффузашон гуворо, гӯшнишин ва сара буда, баъзеашонро ҳатто бо ҳамон шакли асл дар адабиёти классикӣ низ дучор омадан мумкин аст.
Новобаста аз омӯзиши лаҳҷаҳои минтақаҳои кишвар, ба нашр расидани адабиётҳои илмӣ-оммавӣ аз ҷониби олимону пажӯҳишгарони тоҷик тайи якчанд даҳсолаҳои охир, омӯзиши муносибати забони адабӣ бо лаҳҷаҳои маҳал яке аз масъалаҳои муҳими забоншиносии кунунии тоҷик боқӣ мемонад. Бинобар ин, дарҷ намудан ба маврид аст, ки забони адабии тоҷик ҳамчун шакли олӣ ва меъёрии забон дар иртиботи зич бо забони зиндаи мардум ташаккул ёфтааст. Дар ин раванд, нақши лаҳҷаҳо махсусан дар нимаи аввали асри ХХ замони ташаккули забони адабии муосири тоҷик бисёр муҳим буд. Дар миёни олимон, забоншиносону адабиётшиносон ва шахсиятҳое, ки ба ин масъала таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намудаанд, мақоми сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ басо намоён аст.
Устод Айнӣ на танҳо адиби барҷаста, мутафаккир ва ислоҳгари забон мебошанд, балки ҳамчунин бар он ақидае устувор буданд, ки забони адабӣ бояд бар пояи забони гуфтугӯии халқ бунёд ёбад. Дар иртибот ба ин, ба назари устод Айнӣ дур шудан аз забони мардум сабаби сунъӣ гардидани забони адабӣ мегардад. Дар осори устод Айнӣ, аз ҷумла дар “Намунаи адабиёти тоҷик” ва мақолаҳои марбут ба забон иншо намудаашон чунин андеша ба таври равшан баён ёфтааст, ки лаҳҷаҳо, сарчашмаи аслии луғати зинда буда, қобилияти ғанӣ гардондани забони адабиро доранд ва воситаи нигоҳдории хусусиятҳои миллӣ ва таърихии забон мебошанд.
Лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ дорои хусусиятҳои бойи фонетикӣ, луғавӣ ва грамматикӣ буда, онҳо захираи луғавии забонро ғанӣ мегардонанд, ба забони адабӣ содагӣ ва равонии ба мардум фаҳмо мебахшанд ва пайванди забонро бо фарҳанг, тафаккур ва зиндагии мардум таъмин мекунанд. Аз ин лиҳоз, таҷрибаи таърихии рушди забони тоҷикӣ нишон медиҳад, ки нодида гирифтани лаҳҷаҳо боиси камранг шудани хусусияти миллӣ ва табиии забон мегардад. Бинобар он, дар шароити ҷаҳонишавӣ таваҷҷуҳ ба лаҳҷаҳо на танҳо вазифаи забоншиносӣ, балки рисолати фарҳангӣ ва ҳуввиятсоз мебошад.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло чанде аз калимаҳое, ки дар гӯйиши мардуми деҳаи Кулолии ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Панҷакент аз рӯйи меҳру ихлос гирдоварӣ карда шудааст, манзури хонанда мегардад. Баъзе аз калимаҳои дар зер овардашуда то солҳои 80-90-уми асри гузашта миёни мардум серистифода буданд, қисмати дигарашон бо мурури солҳо истифодаашон кам ва истифодаи бархеи дигари калимаҳо айни замон бинобар рушди иҷтимоиёту иқтисодиёт ва иваз намудани муодилҳои дигари калимаҳо дар миёни аҳолӣ аз миён рафтааст. Масалан, калимаҳои этимак, эсарак (ченаки вазн), ғирмич (чизеро ё хӯрокеро бе таҳаммул истифода бурдан, хӯрдан) ва монанди инҳо.
Калимаҳои лаҳҷавии мардуми деҳаи Кулолии шаҳри Панҷакент аз рӯйи алифбои тоҷикӣ бандубаст карда шуда, манзур мегардад ва қазовати минбаъда аз хонанда. А – аростӣ (дуруст аст, ки, рост аст, ки), алағда (мазоҳ кардан, ба қитиқи касе расидан), алишко (иваз намудан), атолаи кочӣ (яке аз анвои субҳонаро гӯянд), арқа (пушт), ассарака (аз нав, як маротибаи дигар), ашӯла (шеър, мурод аз хондани шеър).
Б – болдурӯка/болдурука рафтан (ба тарафи боло рафтан), бурдомад (баромадан), буҷбулек/буҷулекак (камтарак), бурма (қатшуда, ҷинҷшуда, пачақ), буҷумак задан (ваҷаррос задани бадан, ларза гирифтани аъзои бадан), барчошак (чошидани ширинӣ, пул ва ё дигар анвоъ дар тӯю маърака, маросимҳо ба сари ҷамъомадагон), барс/барс ёфтан (дарёб кардан, расида гирифтан ба касе ё чизе), бирешим (тоза, озода), барзангӣ (калон, бадҳайбат), бабардошт (шахси таҳаммулпазир), буғуз (обистан, ҳомила), беҷирм (бенуқс), берӯ (шахсе, ки суханро бе таҳаммул мегӯяд, бешарм).
В – вот (саргаҳи марзи кишт), вағнич (олуболуи кӯҳӣ аз оилаи буттамеваҳо), вреч (аз боло ба поён бо даст якбора ба анҷом расонидани коре, амале).
Г – говдумбол (дар баъзе аз лаҳҷаҳо онро говак-говак низ ифода кунанд), галагӣ (ҳамакаса), гӯдак (кӯдак, мурод аз тифл гуфтан ё дар назар доштани наврас).
Ғ – ғирмич (чизеро ё хӯрокеро бе таҳаммул истифода бурдан, хӯрдан), ғӯрков кардан (меваи нопухтаро кандан), ғарма (шири ғафси говро гӯянд, ки пас аз таваллуди гӯсола чанд рӯз ҷамъоварӣ карда шуда, аз он пухта шавад), ғелтанак (мурод дар болои сабза ва гилем ғел задани шахс), як қисм ғебидан (оҳиста ба тарзи оне, ки касе нафаҳмад, аз ҷое бадар рафтан), ғӯзола задан (), ғӯзовла (баромадани обичаи ногаҳониро дар узви бадан бо сабаби чизе гӯянд), ғаврак (асбоберо гӯянд, ки дар гаҳвора барои пешобронии кӯдак пешбинӣ шудааст), ғанаб (пинакӣ рафтан, ғалаба кардани хоби яклаҳзаина ё муддаташ кӯтоҳ), ғилдирак (бидуни чарх маънои шахси бетоқатро ифода кардан), ғелонак (ҷунбонак), ғулба (навъе аз паррандаро гӯянд, ки шабоҳат ба зоғ дошта, аз он хурдтар аст).
Д – дангосаи дағдӣ (муодилаш дайдую дангоса, яъне шахси ҳарҷогард), доғул (айёрро гӯянд), дарвағна (дарича), дӯлча (зарфи хурди обнӯшӣ), даранг/диранг (дер омадан ё хавотирӣ аз дер омадани шахсе, ҳиял кардан), добуча (ғӯраи зардолу), дайду (дар мисоли саг, ки ҳарҷо равад ё шахсе, ки ҳарҷо гардад), дакка додан (расидани сар ё дигар узви инсон ба ягон чиз, масалан ба дар), даспона (дасмона, мурод аз ба даст кардани ҷавоҳироте ё бастаи ороишотие ба банди даст).
Ё – ёзила кардан (дароз кашидан ва такя задан ба болишт),
З – зарҷома (зардҷома, сабзӣ, зардак, бехӣ) зак (заҳ), зихна (шахсеро гӯянд, ки пастиашро ҳангоми муомила зоҳир намояд), зув (бозии чиллику даста ё дар дигар маҳаллҳои аҳолинишин онро чилликдангал гӯянд, ки дар он дастаи бохтшуда бо баланд кардани овоз “зув” масофаеро тай намояд).
И – истех/истеханакӣ (рост истодан), изоррағза (онро қаблан дар рағза дар шакли матоъ бофида, баъдан ҳамчун шим барои мардон медӯхтанд), интӯрин/ инту (ин тавр ё худ, ин тур).
Й – йӯхла (касеро, ки чандест надидаанд, суроғ карда дидан).
К –каппаву коза (мурод аз каппа гуфтан аст), калик (кабк), кет – кет карда гаштан (сар – сарӣ гаштан), калбес (кафлес,) кулвор (сумкаи кунунӣ дар назар дошта шавад, маҷозан бисоти шахс), кӯкон (ресмони дарозе, ки аз ду тараф бо мех ё чӯбҳои ба мех монандкардашуда ба замин кӯфта шуда, дар он аз ду ҷониб якчанд ресмончаҳои ҳалқадор барои дар пойи бузғолаҳо ё барраҳо бастан, ки ҷое нараванд, қаблан омода карда мешуданд).
Қ – қасир (нисбати ҳайвоне гӯянд, ки дар соли ҳомиладорӣ бордор нашудааст), қумғон (қарабоӣ), қарқ (сӯрохӣ), қайиш (чарми сахтро гӯянд, онро ба инсоне, ки пурқувват аст, низ шабоҳат медиҳанд), қайтим (шояд), қучоқ (ба оғӯш гирифтан).
Л –лом нагуфтан (сухан накардан, чизе нагуфтан), лайлоғу (бо забони русӣ сковородкаи имрӯза), лайлоқ (айлоқ), лиҳоб/лип-лиҳоп (ба дараҷаи ниҳоӣ пухтани таоме), ликак (сари пой пӯшидани пойафзол), лозимӣ (поҷомаи занонаро гӯянд).
М – метин (зоғнӯл), мурғак рафтан (аслан ҳангоми вазиши шамол ба тарафе майл намудани киштзори ҷав, гандум ё дигар намуди зироатро гӯянд), момоқулдуроқ (тундар), мангирифт шудан (ба коре андармон шудан), мазанг (сиёҳ), матал (афсона), маҳкам (мустаҳкам), миҷа (мижгон).
Н – норӣ кардан (сер шудан), наҳорӣ кардан (хӯроки субҳона тановул кардан), набурор (феъли фармоиш, шахсе ё чизеро ба баландӣ набаровардан), нашхӯрт (аслан дар адабиёти классикӣ ба таври нӯшхор омадааст, яъне пасмондаи коҳ ё бедае, ки аз чорво боқӣ мондааст, гӯянд), наёристан (тарсидан), некӣ (лекин), нов (новдон), нӯмол (рӯймол).
О – обкӯта (чизе, ки дар об буда, наздик ба пӯсидан аст), обмӯрин (мӯрие/сӯрохие, ки аз он об гузарад),
П – пишак (гурба), пуштанакӣ (пуштнокӣ), пинҷоюпанҷ (панҷоҳупанҷ).
Р – реб/реб додан/ребу ранг (фиреб), рош (феъли фармоиши рафтем), рошед (феъли фармоиши ҳамроҳ рафтан бо шахси таъкидкунандаро дорад), роштон/рошетон (шакли ҷамъи ҳамроҳ рафтан бо шахси таъкидкунанда).
С – саночак (бо забони русӣ – тюбик дар назар дошта мешавад), сузма (чакка), сагалак/сакалту (ба шахси нисбатан бепарво/камақл, ҳарҷогард шабеҳ диҳанд).
Т – тагрӯка/тагрӯка рафтан (ба пойин рафтан/раҳсипор шудан), томарқа (боғ/боғча), талвоса/талвоса кардан (ба коре саросема машғул шудан), талбуск (растанӣ бо номи куруш), тӯхлӣ (гӯсфанди дусола), тешук, тешукӣ (сурох, сӯрохӣ), талбуча (тарбуз), тӯрба (тубра, халта, анбон).
У – уреб/уребӣ (роҳи пуштаеро гӯянд, ки рост набошад/ноҳамвор), унтӯрин (он тавр), учуқ (табхол), унту/унту кун (феъли фармоиши он тавр кардан), улумса (шахсеро гӯянд, ки ба сухани касе аҳамият надиҳад).
Ӯ – ӯсӯхта (чӯб/ҳезумеро гӯянд, ки нимааш сӯхтааст), ӯт/ӯт – пӯта кафонидан (манзур касеро нобаҳангом тарсонидан), ӯстар (он тарафтар), ӯрӯ/ ӯрӯка (он тарафтар), ӯткур (шахси боғайрат, ҷасурро гӯянд), ӯтасарсон (кор ё амали нопухтаро гӯянд), ӯбида (нобасомон/коре, ки охираш номуайян аст), ӯлҷа (фурсати ғаниматро гӯянд).
Ф – фурдомад (фуруд омадан, фаромадани шахс аз ягон ҷойи баланд ё дигар чизро дар назар доранд, масалан, мегӯянд, ки фалонӣ аз асп фурдомад/ самолёт фурдомад), фалла (намуди хӯрокворӣ, ки аз шир омода кунанд), фасса (шахси сусткорро гӯянд).
Х – хориҷ (занбӯруғ).
Ҳ – ҳайловӣ/ ҳалилоба (хӯроки сабук ба монанди шӯрбо, ки ба шахси бемор омода кунанд), ҳайбодӣ (арғунчак).
Ч – чошкӣ (чоштгоҳ), як чилим (камтар), чипиш (бузи дусола), чумуш (черпак).
Ҷ – ҷӯрта (дурӯғ), ҷаппа/ҷавпа (ҳамакаса).
Ш – шаре – шаре (тез – тез), шоша накардан (саросема нашудан), шиш (шаш), шартӣ карда баромадан (ногаҳон пайдо/намудор шудан), шулдурма (шӯрбо ва хӯроки ба он монандеро гӯянд, ки дар он зироати полезӣ ва дигар намуди анвоъ кам истифода карда мешавад), шӯлтур/шӯлтур андохтан (хабар ё сиреро пешакӣ ба якчанд шахс гуфтан), шударинг (шабнам).
Э – эс/эсам (ба хотир овардани чизе), этимак/эсарак (ченаки вазн), эстар (интарафтар), эрӯ/эрӯка (ин тараф, ин тарафтар), эрмак (чизеро бинобар бисёр будани вақти холигӣ иҷро намудан), эроғӣ (керосин/солярка ё моеъеро гӯянд, ки барои рӯшноӣ кардан дар фонус андозанд).
Ю – юнг/юнги бад (нафс/нафси бад), юрак (ғайрат)
Я – ялангғоч/яланғоҷ (мавзеи кушода, ҳамвор), ялангӣ (ҳамвории ягон мавзеъ), я(к)ғӯр, я(к)ғӯрекак (камтарак), яла/эла/йела/яла кардан (чизеро раҳо кардан/кушодан).
М. Ормонов
Корманди ГТЛ «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ
ва ҳамгироии иқтисодӣ»-и назди Вазорати
меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аълочии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
P/S: Маводди мазкур тибқи дархост бахшида ба Рӯзи Байналмилалии забонҳои модарӣ ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.02.2026, №6/406 пешниҳод шудааст.