Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки Ҳукумати Россия барномаи таҷрибавии санҷиши қоидаҳо, шартҳои вуруд ва хуруҷ аз Федератсияи Россияро барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд то 31 декабри соли 2027 тамдид намуд.
Марҳилаи дуюми таҷрибавӣ айни замон идома дорад, ки дар он шаҳрвандони хориҷӣ дархостҳои электрониро барои вуруди банақшагирифташуда ба Федератсиия Россия тавассути барномаи мобилии RuID-и Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва муниципалӣ пешниҳод менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар Қарори мазкур муқаррар шудааст, ки аз 1 июни соли ҷорӣ барои хориҷиёне, ки нақша доранд бидуни раводид барои кор ё таҳсил ба Федератсияи Россия ворид шаванд, мақсади вуруди онҳо ба Федератсияи Русия бо маълумоте, ки дар дархости вуруди онҳо мавҷуд аст, тасдиқ карда мешавад.