img
ХОНИШИ ИДОРАВӢ ОИД БА АСОСҲОИ КОРГУЗОРӢ ВА ҲУҶҶАТНИГОРӢ ДАР МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ    

 

 

 Санаи 12 декабри соли 2025 дар дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи машғулиятҳои идоравӣ ҳамоиш дар мавзуи Асосҳои коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ тибқи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2025, №355 тасдиқ гардидааст, баргузор гардид. Дар он кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва зерсохторҳои он иштирок намуданд.

 

Намояндаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудоев Раҷабалӣ Муҳаммадиевичмудири кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар чорабинӣ иштирок ва суханронӣ намуда, ба ҳозирин оид ба асоҳои коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ маълумот пешниҳод намуд.

 

Дар фарҷоми машғулияти идоравӣ сӯҳбати озод ва саволу ҷавоб сурат гирифт.

 

 

 

12.12.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ