img
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – РАМЗИ ИФТИХОР,    ВАҲДАТ ВА СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ МИЛЛӢ

Мувофиқи сарчашмаҳои миллӣ-Қадимтарин парчами давлати тоҷикон «Дирафши ковиёнӣ» будааст ва шоҳони сосонӣ онро дар сафарҳои ҳарбӣ ва муҳорибаҳо ҳамеша аз пешгоҳи сипоҳ мебурданд, ба дасти душман афтидани он нишони шикаст ва мағлубияти давлат дониста мешуд. Бинобар ин, шоҳон онро муқаддас медонистанд. Дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ асли баромади «Дирафши ковиёнӣ» – ро ҳамон парчами чармини Коваи оҳангар таҷассум кардааст, ки ӯ бо ин парчам бар  Заҳҳоки морон ғалаба карда буд.

 

Парчамдории миллати тоҷик, таърихи қадимӣ дошта, бо давлатдории замонҳои Пешдодиён, давлатдории Куруши Кабир, Ҳахоманишиҳо (Дирафши ковиён), Сосониён, Кӯшониён, Сомониён, ба қавле зиёда аз 30-ҳазорсола ҳамсафар, муттаҳидкунандаи миллат ва дорандаи давлати миллӣ будааст. Худи сермаъноии вожаи «парчам» ва муродифоти он таърихи қадимӣ доштани давлатдории тоҷиконро бозгӯ менамояд. Аз калимаҳои ҳаммаънои байрақ, дирафш, роят, ливо ва парчам маълум мегардад, ки он дар ҳар давраи таърихӣ рамз, ном, намо, ҳадаф ва хосияти ба худ хос ва дар давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи умда доштааст.

 

Ба ҳамин маъно Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуда буданд, ки «ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноӣ аст, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

 

Аз гуногунрангии парчами миллӣ бармеояд, ки он дар ҳар давраи таърихӣ орзуву умед ва армони халқ, маданияту сарнавишти он ва сохти ҷамъиятро инъикос намудааст. Парчам яке аз рамзҳои қадимтарини давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Дар баробари байрақбаландии давлатдории аҷдодони мо, инчунин дар Чини қадим, Ҳиндустон ва Юнони Бостон аз нишонаҳо дар матоъҳо ҳамчун рамзи қавм, сулола ё фармондеҳ истифода мекарданд. Парчам на танҳо аломати ҷанг буд, балки рамзи ифтихор, иттиҳод  ва истиқлол низ гардид. Бо гузашти замон, парчам ба рамзи давлат, миллат ва қудрат табдил ёфт.

 

Имрӯз, парчам рамзи ягонагӣ, истиқлолият ва эҳтироми шаҳрвандон ба давлати худ мебошад. Парчам яке аз муқаддасоти асосии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад, ки ифтихор, ваҳдат ва ҳувияти миллии тоҷикистониёнро таҷассум мекунад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992, дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин рамзи муқаддас нишонаи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад.

 

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се рахи уфуқии рангоранг: иборат аст: сурх, сафед ва сабз. Дар миёнаи рахи сафед тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой гирифтааст. Ҳар як ранг ва унсури парчам маънои амиқ ва муқаддас дорад:

Ранги сурх: рамзи шуҷоат, мубориза ва ҷоннисоркуниҳои халқ барои озодӣ ва истиқлолият.

Ранги сафед: рамзи сулҳ, бахту иқболи сафед, покизагӣ.

Ранги сабз: рамзи саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сабзу хуррам гардонидани Ватан.

 

Парчами давлатӣ танҳо як матои рангоранг нест–он рамзи ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ ва ифтихори давлатдории тоҷикон аст. Зери ин парчам Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи душвори истиқлолиятро паси сар намуда, ба сӯйи рушди устувор ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ қадам гузошт. Парчам моро ба ваҳдат, дӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва садоқат ба Ватан даъват мекунад. Дар пояи он таърихи пури ифтихор ва фарҳанги бостонии миллати тоҷик таҷассум ёфтааст.

 

Ҳамасола 24-уми ноябр дар саросари кишвар “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад. Ин рӯз барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ рӯзи ифтихор ва эҳтиром ба рамзи муқаддаси давлат мебошад. Дар ин рӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои идона, маросимҳои расмӣ ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд. Бахусус, баланд бардоштани парчами миллӣ дар ҷойҳои баланд, муассисаҳо, идораҳо ва хонаҳои истиқоматӣ нишон аз эҳтиром ва муҳаббати самимӣ ба давлату миллат мебошад.

 

Имрӯз парчами давлатии мо дар баробари парчамҳои дигар давлатҳои ҷаҳон дар созмонҳои байналмилалӣ баланд фурӯзон аст. Он рамзи  ваҳдати миллии мо, соҳибистиқлолӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад. Парчами Тоҷикистон – рамзи сарбаландии миллат, шарафи давлат ва ҳувияти миллӣ аст. Он моро муттаҳид месозад ва ба ояндаи дурахшон раҳнамун мегардонад. Ҳангоми ғолиб омадани варзишгарони мо, онҳо бо ифтихор парчами Тоҷикистонро баланд мебардоранд – ин на танҳо пирӯзии шахсӣ, балки ифтихори тамоми миллат аст. Дар ҷамъомадҳо, вохӯриҳо ва чорабиниҳои давлатӣ афрохтани парчам нишонаи эҳтиром ба Ватан, ваҳдати шаҳрвандон ва ҳамбастагии онҳо мебошад. Парчам дар қалби ҳар як тоҷик рамзи озодӣ, сулҳ ва сарбаландист.

 

Эй рамзи ваҳдату сулҳу саодат,

Эй парчами муҳаббат, нури ватандорӣ,

Бо ту баланд гашта номамон дар олам,

Бошӣ ҳамеша поянда, рамзи озодӣ!

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди малака ва ҳунармандӣ

Шарифзода Камила Зариф      

20.11.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ