img
МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД (БОР)

Санаи 8 июни соли ҷорӣ мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд (БОР), мутахассиси асосии бахши иҷтимоӣ - Хонум Шин – Лонг (маҷозӣ), мутахассиси бахши иҷтимоӣ – Хонум Мараламаа Мунх-Ачит ва мутахасиси лоиҳа ҷаноби Чарлз Феликс Симбилло ҷиҳати баррасии масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаи "Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ" доир гардида, ҷонибҳо аз ҳамкориҳои судманд изҳори  қаноатмандӣ намуданд.

 

Дар мулоқот фаъолияти 6 маркази касбомўзӣ ва рушди малакаҳо, ки бо таҷҳизоти зарурӣ, маводи таълимӣ ва кормандони баландихтисос таъмин карда шудаанд, баррасӣ гардида, ҷонибҳо оид ба  устувории минбаъдаи марказҳои мазкур ибрози назар карданд. Солеҳа Холмаҳмадзода омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъда дар доираи Стратегияи шарикии Бонки Осиёии Рушд (БОР) бо Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 изҳор кард.

 

Дар фарҷом таъкид гардид, ки то ба охир расидани муҳлати амали лоиҳаи мазкур ҷонибҳо ҷиҳати дар оянда самаранок фаъолият намудани марказҳои таъсисдодашуда чораҳои зарурӣ хоҳанд андешид.

09.06.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ