ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

19 декабри соли 1966 дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ.

МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ:

Соли 2004 – бо «Ифтихорнома»-и  Ҷумҳурии  Тоҷикистон;

Соли 2011– бо Медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  сарфароз  гардонида  шудааст.

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:

Солҳои 1984-1991 – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, факултаи ҳуқуқшиносӣ, ш. Душанбе;

Солҳои 1986-1988 – оператори ЭВМ дар Маркази ҷумҳуриявии ҳисоббаробаркунии Кумитаи давлатӣ оид ба таъминоти моддию техникии РСС Тоҷикистон, ш. Душанбе;

Солҳои 1991-1999 – мушовир, мушовири калон, мутахассиси пешбар, сармутахассис, сардори Шуъбаи таъминоти ташкилии фаъолияти судҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;

Солҳои 1999-2005 – сардори Раёсати бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;

Солҳои 2005-2006 – муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;

Солҳои 2006-2010 – муовини аввали Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;

Солҳои 2010-2013 – раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;

Аз моҳи ноябри соли 2013 – Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Забонҳои русӣ ва немисиро медонад.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.