Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти муҳоҷират

Низомномаи Хадамоти муҳоҷират

I. Муқаррароти умумӣ

  1. Хадамоти мухоҷират (минбаъд – Хадамот) мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ анҷом медиҳад.
  2. Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
  3. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

2. Вазифаҳои Хадамот

  1. Хадамот дар соҳаи муқарраргардида вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:

а) дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ:

– амалӣ намудани татбиқи сиёсати давлатии муҳоҷирати аҳолӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо:

– ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва ҷалби донорхо ҷиҳати ташаккули низоми таҳлили бозори меҳнат барои муайян намудани дурнамои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа, инчунин барои аз худ кардани бозорҳои навӣ меҳнат дар хориҷи кишвар;

– мувофиқи тартиби муқарраргардида ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо мақомоти ваколатдори кишварҳои хориҷи дуру наздик, дар соҳаи муҳоҷират, ташкил намудани шўрои ҳамоҳангсоз ва ё дигар мақомот ҷиҳати дар якҷоягӣ ҳал намудани душвориҳои ҷойдошта дар самти муҳоҷирати аҳолӣ;

– иштирок дар татбиқи низоми самараноки суғуртаи иҷтимоӣ, тиббӣ ва нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ;

– мувофиқи тартиби муқарраргардида амалӣ намудани фаъолият оид ба назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ;

– баҳисобгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа мераванд ва бармегарданд, инчунин баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ҳамкории самарабахш ва ҳамоҳангсозии масъалаҳо бо намояндагиҳои Вазорат дар хориҷи кишвар, диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ;

– дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар рушди ҷомеа;

– дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ гузаронидани ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ, бо мақсади мусоидат ба муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти ҷойи кор дар хориҷи кишвар;

– мусоидат ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ бо мақсади ташкили фазои ягонаи муҳоҷирати меҳнатии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодии Аврупову Осиё ва дигар давлатҳо;

– ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд ва самарабахш бо ҳамватанони бурунмарзӣ, диаспораҳои тоҷик ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият, бо мақсади ҷалби онҳо дар рушди ҷомеа;

– расонидани хизматҳои машваратӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо;

– бо тартиби муқарраргардида ташкили фаъолият вобаста ба иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва назорати шартҳои иҷозатномадиҳӣ;

– бо тартиби муқарраргардида додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ташкили корҳо оид ба ҳамгироии такрорӣ ва тавонбахшии муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Ватан баргаштаанд;

– иҷрои дигар вазифаҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

б) дар соҳаи муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ);

– ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар татбиқ ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳо доир ба масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ);

– дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба кўчонидани муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) аз минтақаҳои кўҳӣ ва наздикўҳӣ, сераҳолӣ ва камзамин ба ноҳияҳои дорои заминҳои бекорхобида, бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани инфрасохтори деҳот, ҷалб намудани шаҳрвандон ба кори доимӣ, паст гардонидани сатҳи бекорӣ ва пешгирии муҳоҷирати дохилии ғайриқонунӣ;

– масъалагузорӣ дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъминн чорабиниҳо барои қабули муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ), ҷобаҷокунӣ, таъмини онҳо бо кори доимӣ, манзил ё замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, оби нўшокӣ, барқ, роҳ, ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоӣ;

– банақшагирии давра ба давра кўчонидани муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо;

– анҷом додани вазифаҳои фармоишгари давлатии барномаҳо ва лоиҳаҳои мақсадноки илмию техникӣ ва сармоягузорӣ ҷиҳати бунёд намудани инфрасохтори деҳот дар маҳалҳои зисти муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ);

– бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва фароҳам овардани шароити хуби зист барои муҳоҷирон, ташкил кардани ситоди доимоамалкунанда бо намояндагии мақомоти дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

в) дар соҳаи муҳоҷирати экологӣ;

– ҳамоҳангсозии татбиқи чорабиниҳо оид ба равандҳои муҳоҷирати экологӣ мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ;

– гузаронидани мониторинг, баҳодиҳӣ ва дар асоси он таҳия ва пешииҳод намудани лоиҳаи барномаҳои давлатӣ марбут ба муҳоҷирати экологӣ;

– тавассути комиссияҳои маҳаллӣ муайян намудани мавзеъҳои экологӣ, миқдори хоҷагиҳо, бодарназардошти таҳияи рўйхати умумии муҳоҷирони экологӣ, мувофиқа кардани мўҳлати кўчонидани муҳоҷирон аз мавзеъҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф;

– бо мақсади ҳалли саривақтии масъалаҳои муҳоҷирати экологӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил намудани фаъолияти комиссияҳои доимӣ таҳти роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ҷалби дигар идораҳои дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

– ҷиҳати ташкил кардани шаҳраки ҳозиразамон ва намунавӣ барои зисти муҳоҷирони экологӣ масъалагузорӣ намудан дар назди мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба таҳия ва татбиқи нақшаи генералӣ, бо дар назардошти пешбинии иифрасохтори шаҳрак;

– таъсиси маҳзани маълумот барои ҷорӣ кардани системаи баҳисобгирии раванди муҳоҷирати экологӣ.

3. Ваколатҳои Хадамот

  1. Хадамот дорои ваколатҳои зерин мебошад:

– мусоидат ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;

– иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳо ва “дурнамои раванди муҳоҷирати аҳолӣ;

– мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– бо тартиби муқарраргардида манзур намудани пешниҳодҳо оид ба такмили шаклҳои ҳисоботдиҳии оморӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;

– таҳия ва ҷорӣ намудани технологияи ягонаи иттилоотӣ, низоми ягонаи автоматишудаи бақайдгирӣ ва коркарди иттилооте, ки мониторинг ва интиқоли иттилоот оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Хадамотро таъмин менамояд;

– ташкил ва таъмини фаъолияти низоми давлатии баҳисобгирии муҳоҷират, инчунин сари вақт ва дар ҳаҷми пурра ворид намудани маълумоти зарурӣ ба он;

– ташкил ва таьмипи кори махзани итилоотӣ, инчунин таъмини шакли ягонаи методологӣ ва амали мувофиқашудаи низоми иттилоотӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;

– бо тартиби муқарраргардида ҷалб намудани муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳои дигар, коршиносон ва мутахассисон барои ояндабинӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

– бо тартиби муқарраргардида пешниҳод намудани дархост ва гирифтани маълумоти зарурӣ аз мақомоти давлатӣ, ғайридавлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо барои қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои марбут ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

– таҳияи дастурҳо ва тавсияҳои методӣ, расонидани ёрии машваратӣ ва дигар кўмакҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

– таҳлил ва ҷамъбасти таҷрибаи истифодаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият ва андешидани тадбирҳо оид ба такмили фаъолияти Хадамот;

– иштирок дар таҳия ва амалӣ намудани лоиҳаҳои барномаҳо (аз ҷумла фонди ҷамъиятии мусоидат, лоиҳаҳои хурди молиявӣ ва интиқоли маблағ), бо мақсади дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо;

– бо тартиби муқарраргардида дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо таъсис додани мақомоти машваратӣ (шўроҳо, комиссияҳои байниидоравӣ, гурўҳҳои корӣ ва ғайра) барои баррасии масъалаҳои марбут ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

– бо тартиби муқарраргардида гузаронидани санҷиши корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, инчунин шахсони воқеӣ оид ба масъалаҳои ҷалб ва истифодаи муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ташкили низоми маълумотдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба хатарҳои марбут ба муҳоҷират ба хориҷа;

– тавассути воситаҳои ахбори омма ташкили корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ марбут ба масъалаҳои муҳоҷират;

– тибқи тартиби муқарраргардида пешбурди истеҳсолот оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба ғайриқонунӣ ба кор ҷалб намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ё шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– дар доираи салоҳияти худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ намудан оид ба депортатсия ва бо роҳи маъмурӣ берун кардани муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба фаъолияти ғайриқонунии меҳнатӣ машғуланд;

– ҷиҳати ворид намудан ба махзани ягонаи иттилоотӣ ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани иттилооти зарурӣ оид ба муҳоҷирони меҳнатии депортатсия ё бо роҳи маъмурӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берункардашуда;

– ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифҳо оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои муҳоҷирати аҳолӣ;

– бозомўзӣ ва такмили ихтисоси кормандон дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ;

– ташкили қабули шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Хадамот;

– истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои буҷетӣ дар дастгоҳи марказӣ ва мақомоти минтақавии Хадамот;

– дархост намудан ва гирифтани маълумоти омории марбут ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти Хадамот аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Ташкили фаьолият

  1. Ба Хадамот Сардор роҳбарӣ мекунад, ки бо пешниҳоди Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
  2. Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
  3. Сардор ду муовин, аз ҷумла як муовини якум дорад, ки бо пешниҳоди Сардори Хадамот аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
  4. Шумораи ниҳоии кормандон ва теъдоди муовинони Сардори Хадамотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  5. Сохтори дастгоҳи марказии Хадамот мувофиқи самтҳои асосии фаъолияти худ аз раёсатҳо, шўъбаҳо ва бахшҳо иборат мебошад.
  6. Сардори Хадамот:

– шумораи кормандони дастгоҳи марказии Хадамот, фонди музди меҳнат ва басти вазифаҳои дастгоҳи марказии Хадамотро тибқи талаботи намунавӣ ва сметаи хароҷоти нигоҳдории онро дар доираи маблағҳои буҷетии барои давраи дахлдор тасдиқгардида ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод менамояд;

– барои ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои Хадамот дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ба Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

– манфиатҳои Хадамотро дар мақомоти давлатӣ ҳимоя мекунад ва роҳбарии умумии фаъолияти Хадамотро амалӣ месозад;

– дар доираи ваколатҳои худ фармоиш қабул мекунад ва супориш медиҳад, ки иҷрои онҳо барои кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот ҳатмӣ мебошад;

– вазифаҳоро байни муовинони худ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ тақсим мекунад;

– низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти Хадамотро тасдиқ мекунад;

– кормандони Хадамотро тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

– оид ба эълони озмунҳо ҷиҳати ишғоли мансабҳои маъмурии холии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи марказии Хадамот ва дар сохторҳои Хадамот фармоиш қабул мекунад;

– шумораи кормандони мақомоти Хадамот, фонди музди меҳнат ва басти вазифаҳои онҳоро тибқи талаботи намунавӣ, инчунин харҷномаи таъминоти онҳоро дар доираи маблағҳои буҷетии барои давраи дахлдор пешбинишуда тасдиқ менамояд;

– тибқи қонунгузорӣ масъалаҳои ҳавасмандгардонии моддии кормандони Хадамот ва роҳбарони мақомоти маҳаллиро ҳал намуда, ҷиҳати сарфароз гардонидани кормандон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муваффақиятҳо ва комёбиҳои меҳнатӣ тавсия мекунад.

  1. Хадамоти муҳоҷират шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мўҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ, мўҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад. Хадамот метавонад бо тартиби муқарраргардида дорои суратҳисоби махсус бошад.
  2. Маҳалли ҷойгиршавми Хадамот: 735410, Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе, кўчаи Айнӣ – 121.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июни соли 2014, № 390

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират

Роҳбарият

Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ

Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ

Шўъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзӣ

Шўъбаи ташкилӣ ва умумӣ

Шўъбаи таҳлил ва маълумотдиҳӣ

Шўъбаи ҳуқуқ

Шўъбаи молия ва хоҷагидорӣ

Бахши иқтисод ва банақшагирӣ

Бахши кадрҳо

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июни соли 2014, № 390

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Хадамоти муҳоҷират

Дастгоҳи марказӣ

Раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе

Шўъбаи Хадамоти муҳоҷират дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон

Шўъба ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июни соли 2014, № 390

тасдиқ шудааст

Номгўи ташкилотҳои системаи Хадамоти муҳоҷират

Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе

Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хоруғ

Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд

Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Ваҳдат

Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Қўрғонтеппа

Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷироии меҳнатӣ” дар шаҳри Кўлоб

Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Панҷакент

Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Турсунзода

Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Исфара

Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар ноҳияи Рашт.

Суроға: ш.Душанбе, кӯчаи Айни 121, тел/факс: +992-225-05-71, 225-05-72, E-mail:   press@migration.tj“> press@migration.tj