Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими баимзорасонии Созишномаи байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ

IMG 8679

Имрӯз 20 июни соли 2016, дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишномаи байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид.

Дар маросим, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода, намояндагони хайати Ҷумҳурии Озарбойҷон бо роҳбарии Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон Салим Муслимов, инчунин намояндагони масъули Вазорати корҳои хориҷӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, намояндагони Васоити аҳбори омма иштирок намуданд.

Созишномаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2015, № 665 маҳкул дониста шуда, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикстон барои баимзорасонӣ ваколатдор карда шудааст.

Бояд қайд кард, ки баимзорасонии Созишномаи мазкур ба рушди муносибатҳои дӯстона ва хамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ мусоидат намуда, ба пешфарти иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбӣ ҳоҳад расонд.

print

You may also like...