Вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода С.С бо Раиси Гурӯҳи дӯстии парлумони Тоҷикистону Исроил хонум Шаррен Ҳаскел | Mehnat.tj

Вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода С.С бо Раиси Гурӯҳи дӯстии парлумони Тоҷикистону Исроил хонум Шаррен Ҳаскел

IMG 2544

3 июни соли 2016 вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода С.С бо Раиси Гурӯҳи дӯстии парлумони Тоҷикистону Исроил хонум Шаррен Ҳаскел, аъзои парлумони Исроил Иёҳан Ёзеф ва Сафири Давлати Исроил дар Тоҷикистон бо иқомат дар Тошканд хонум Кармела Шамир баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Тарафҳо  масъалаҳои шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандонро мавриди баррасӣ қарор дода, ба шуғл ва касбомӯзӣ фаро гирфтани занону духтарон ибрози ақида намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда баён  намуданд.

Дигар хабарҳо...