Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба гусел намудани кормандоне, ки синнашон ба нафақа расидааст

239c6d010ef8030e9157bd1a2019849112061919f461f6dfdd187e67065489f8 full 2

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ба нафақаи меҳнатӣ гусел намудани хизматчиёни давлатии собиқадор ва аз ҳисоби ҷавонон пур намудани ҷойҳои холӣ ба вазифаҳои озод аз тариқи озмун таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Бо ин мақсад дар вазорат маросими се нафар хизматчии давлатӣ: – Шоназаров Х.А. – сардори Раёсати ҳуқуқ, Абдулҳақова И.И. – сардори шуъбаи аудити дохилӣ ва Абдусамадов А. – мудири бахши технологию иттилоотӣ, ки солҳои дароз дар дастгоҳи марказии вазорат софдилона кор кардаанд, баргузор гардид.

Тағойзода Сумангул Саид, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар маросим аз заҳматҳои бисёрсолаву софдилонаи гуселшавандагон ёдоварӣ намуда, ба онҳо дар ҷодаи зиндагӣ ва ҳаёти оилавӣ барору пирӯзиҳо, хотирҷамъӣ ва саодати рӯзгор орзу намуд.

88c36d0a34bfa46f39228cd0f8fc5a9270eb6df0dcf8599b4b3ecd40f1e9b496 full

Гуселшавандагон зимни суханрониҳои хеш аз муҳаббат, масъулият ва самимияти кор ба ҳозирин нақл карданд.

Дар хотими маросим Тағойзода Сумангул Саид ба гуселшавандагон сипосномаҳо ва гулбутаҳои зебову муаттар тақдим намуд.

print

You may also like...