Нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳкрии Тоҷикистон | Mehnat.tj

Нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳкрии Тоҷикистон

DSC03671

санаи 22 январи соли 2016 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ «Иттилоот ва муошират» Нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2015 баргузор  гардид.

Дар нишасти мазкур Вазир Тағойзода Сумангул Саид, муовини якуми Вазир Сангинзода Эмин Нӯъмон, муовини Вазир Мирзозода А.Н. сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва сохторҳои системаи вазорат, инчунин намояндагони ВАО иштирок доштанд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Тағойзода С.С. ҷаласаи нишастро оғоз намуда, оид ба фаъолияти вазорат ва сохторҳои системаи он дар соли 2015 ба ҳозирин маълумот дод.

Ӯ қайд намуд, ки дар соли 2015 ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ аз ҷониби вазорат дар маҷмўъ 27 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла: 3 лоиҳаи қонун, 1 лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 лоиҳаи созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравии тарафҳо ва 1 ёддошти тафоҳум таҳия гардид.

Даромади пулии аҳолӣ ба ҳолати январ-октябри соли ҷорӣ 20736,4 млн. сомониро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,7 фоиз афзудааст.

DSC03678

Хароҷотҳои пулӣ ва амонатҳои аҳолӣ ба ҳолати январ-октябри соли 2015  21593,8 млн. сомониро ташкил карда, барои хариди мол ва пардохти хизматрасонии аҳолӣ 65,7 фоиз ва барои пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳаққи узвияти ихтиёрӣ дар ҳаҷми 30,1 фоизи маҷмўъи умумии хароҷоти пулӣ ва амонатҳо сафарбар карда шудааст.

Дар моҳҳои январ-октябри соли 2015 музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ 862,3 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,4 фоиз афзудааст.

Музди меҳнати баландтар дар соҳаҳои сохтмон – 1955 сомонӣ, неруи барқ, газ ва таъминоти об – 1287 сомониро ташкил медиҳад.

Дар соли 2015 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 112 961 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки 72 521  нафари онҳо ҳамчун корҷўй ба қайд гирифта шуда, ба  51 252  нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмўъ 38 952 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд. Аз ҷумла, ба воситаи ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 2869 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ 3937 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд.

Дар асоси 229 шартномаҳои тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 5346 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 18 397 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети барнома дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омўзиши касбӣ фаро гирифта шуда, ба 9 839 нафар бинобар аз даст додани ҷойи кор ба муддати то 3 моҳ кўмакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардид. Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин давра 694 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 5091 нафар корҷўён дар ин ярмаркаҳо соҳиби ҷойи кор гардиданд, ба 5147 нафар роҳхат барои касбомўзӣ дода шуд ва 1561 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардид.

Ҳамин тавр, дар соли 2015 иҷроиши нишондиҳандаҳои барнома ба андозаи 118,7 фоиз таъмин гардида, маҷмўан ба 183 935 нафар шаҳрвандон хизматрасонии иҷтимоӣ анҷом дода шуд.

Дар соли 2015 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 205 556 адад ҷойҳои корӣ таъсис дода шуда, 144,4 фоизи нақшаи барномаро ташкил медиҳад, ки аз он ба ВМКБ – 10739 ҷой, вилояти Хатлон – 66 111, Суғд – 57 259, шаҳри Душанбе – 32000 ва НТҶ – 39447 ҷойҳои нави корӣ рост меояд.

Вобаста ба соҳаҳои иқтисодиёт дар давраи ҳисоботӣ ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи сохтмон – 30513, саноат – 9876, кишоварзӣ – 73771, нақлиёт ва алоқа – 3404, савдо, хўроки умумӣ, таъминоти моддию техникӣ – 49524, дигар соҳаҳо – 31468 ва соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ – 7000 ҷойҳои корӣ таъсис ёфтаанд, ки ба корхонаю ташкилотҳои бахши давлатӣ – 18500 ҷойҳои кории нав (9,0%), бахши коллективӣ – 19973 (9,7%), дар корхонаю ташкилотҳо бо шаклҳои гуногуни моликият – 51303 (24,9%) ва дар сектори хусусӣ – 115 780 (56,3%) ҷойҳои кории нав рост меояд.

Аз ҷойҳои кории дар соли 2015 таъсисдодашуда 63 442  адад (30,5%) ҷойҳои кории доимӣ, 65 882 адад (32,0%) ҷойҳои кории муваққатӣ ва 76 232 адад (37,1%) ҷойҳои кории мавсимӣ мебошанд.

Дар ин давра ба занони соҳибкор ва ҷавонон, аз ҷумла ба 1894 нафар занону духтарони бекор дар ҳаҷми 6 009 354 сомонӣ ва ба 1476 нафар ҷавонони бекор барои рушди соҳаҳои гуногуни соҳибкорӣ ба андозаи 4 685 047 сомонӣ кумаки молиявӣ пардохт гардид. Дар ин муддат аз ҷониби шаҳрвандон 12 миллиону 219 ҳазору 618 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок баргардонида шуд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ таълим аз рўйи 14 самту 96 ихтисос ба роҳ монда шуда, соли 2015 муассисаҳои таълимиро хонандагон аз рўйи 14 самту 92 ихтисос хатм намуданд.

Аз шумораи умумӣ 4 ҳазору 272 нафар (44,6%) дар заминаи синфи 9 (бо гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ) ва 5 ҳазору 105 нафар (55,4%) дар заминаи синфи 11 хатм намудаанд.

Аз теъдоди 9 ҳазору 577 нафар хатмкардагони соли 2015 7 ҳазору 286 нафарашон (76,1%) аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва 2 ҳазору 291 нафар (23,9%) ба тариқӣ шартномавӣ таҳсил намудаанд.

Дар соли 2015 дар заминаи муассисаҳои давлатии таълимии системаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  121 ҳазору 626 нафар таҳсил намуда, соҳиби касби коргарӣ гардиданд. Аз ҷумла, 9 ҳазору 577 нафар дар курсҳои 1-2-3-солаи литсейҳои касбии техникӣ, 10 ҳазору 840 нафар дар курсҳои кўтоҳмуддати литсейҳои касбии техникӣ ва 101 ҳазору 209 нафар дар курсҳои кўтоҳмуддати Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва филиалу намояндагии он дар ҷумҳурӣ ба тайёрии касбӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ фаро гирифта шудаанд.

Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» дар давоми соли 2015 тибқи нақшаи кор 35 курси такмили ихтисос ва бозомўзиро бо фарогирии 686 нафар кормандони соҳа, аз курси такмили ихтисос гузаронид.

Мутобиқи натиҷаҳои баҳисобгирӣ дар соли 2015 аз ҷумҳурӣ  552 596 нафар  шаҳрвандони кишварамон ба хориҷи кишвар  ҳамчун муҳоҷирони меҳнатӣ сафар намуда, аз инҳо 487 929 нафарашон мард  ва 64 667 нафар зан  мебошанд.

Муҳоҷирони меҳнатии кишвар дар ин муддат ба Федератсияи Россия – 541 636 нафар, Қазоқистон – 10 957 нафар сафар кардаанд.

Рафти муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа нисбати соли 2014-ум 118 210 нафар  ё ин ки 18 % кам шудааст.

Дар соли 2015 аз хориҷи кишвар 388 593 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан бозгаштанд, аз ин 347 954 нафар мардҳо ва 40 639  нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбати соли 2014-ум 65 392 нафар ё ин ки 14 % кам шудааст.

Аз ҷониби гурўҳи коршиносони дуҷонибаи Тоҷикистону Россия, мутобиқи муқаррарот ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои 5 категорияи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Федератсияи Россия манъ гардидааст,  баррасӣ карда шуданд. Айни замон, баъди баррасии аризаҳои пешниҳодгардида аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия ба 1444 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 190 нафар донишҷўй, иҷозаи дубора ба қаламрави Федератсияи Россия ворид шудан дода шуд.

Бояд қайд кард, ки санаи 28  май ва 23 сентябри соли 2015 ҷаласаи даҳум ва ёздаҳуми Гурўҳи кории муштараки Тоҷикистону Россия оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004 баргузор гардида, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ҷараёни таҳияи 4 адад лоиҳаҳои созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба реадмиссия ва протокол дар бораи тартиби иҷрои он, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, оид ба таъминоти иҷтимоӣ (суғуртаи нафақавӣ), оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бамалбарории фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия баррасӣ шуданд.

Тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия дар 9 моҳи соли 2015 зиёда аз 400 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатиро расман дар асоси патент ба роҳ мондаанд, ки насбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 фоиз зиёд мебошад. Шумораи шаҳрвандоне, ки ба гурўҳи хатар ворид шудаанд 353 345 нафарро ташкил дода, он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 234 150 нафар (соли 2014 – 587 495) ё 40 фоиз коҳиш ёфтааст.

Бо дахолати кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар давоми  соли 2015 маблағи 50 млн. 734 ҳазору 682 рубли русӣ  музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи корфармоён, баргардонида шуд. Бо мусоидати Намояндагӣ 48 қарори суди ноҳивӣ бо қарори суди болоӣ бекор карда шуда,  352 парванда дар ҳолати баррасии судҳои болоии шаҳри Москва ва вилояти Москва қарор дорад.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №677 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кўҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ  дар солҳои 2013-2015»  дар соли 2015  дар ҷумҳурӣ ба 481 оилаи муҳоҷирони дохилӣ  қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо гардида,  муҳоҷирон дар мавзеъҳои нави зист ба қайд гирифта шудаанд, ки ин 100 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар вилоятҳои  Хатлон  227 оила,  Суғд  86 оила ва НТҶ 168 оила.

          Ба 481 оилаи муҳоҷирони дохилӣ 1 443 000 сомонӣ қарзи имтиёзнок (ба ҳар сардори оила 3000 сомонӣ) тавассути оҷонсиҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳру ноҳияҳои қабулкунандаи муҳоҷирон барои пардохт интиқол дода шуд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2013, №474 «Дар бораи Нақшаи миёнамўҳлати муташакиллона кўчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016», соли равон бояд 350 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфноки экологӣ ба мавзеъҳои бехавф кўчонида шаванд: аз ВМКБ – 34 хоҷагӣ, вилояти Суғд – 55, вилояти Хатлон – 175 ва НТҶ – 86 хоҷагӣ.

Дар соли 2015 ба 350 хоҷагӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, муҳоҷирон дар мавзеъҳои нав ба қайд гирифта шуданд, аз ҷумла: ВМКБ – 34, вилояти Суғд – 55, вилояти Хатлон – 175 ва НТҶ – 86 хоҷагӣ.

Дар робита ба пешгирию бартарафсозии як қатор қонунвайронкунӣ ва ҷуброни ҳаққу ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти назоратии вазорат 2040 адад   санҷиш гузаронида  шуд, ки 872 адади он санҷишҳои нақшавӣ мебошанд. Аз маҷмўи санҷишҳо 949 санҷиш ба масъалаҳои меҳнат, 361 санҷиш ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 87 адад санҷиш ба масълаҳои муҳоҷират ва 361 санҷиш ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ рост омада, дар маҷмўъ 643 корхонаву муассисаҳои давлатӣ, 1154 корхонаю ташкилотҳои хусусӣ ва 243 субъектҳои хоҷагидори шакли дигари моликиятро фаро гирифт.

Дар натиҷаи ҳамаи назорату санҷишҳои анҷомёфта 6451 адад қонунвайронкуниҳо ошкор гардиданд, ки 3049 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 1832 ҳолат ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 257 ҳолат ба масълаҳои муҳоҷират ва 1313 ҳолат ба масъалаҳои шуғл иртибот доранд.

Маркази матбуоти вазорат бо аксарияти рўзномаҳои ватаниву хориҷӣ, шабакаҳои телевизионӣ ва радио ҳамкории мустақим дорад. Барои амалӣ намудани хизматрасонии давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар соли 2015 кормандони масъули вазорат дар 21 барномаи телевизионӣ ва дар 22 барномаю мусоҳибаҳои радио иштирок намуданд.

Дар сохтори вазорат КВД «Рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» фаъолият менамояд. Айни ҳол рўзномаи мазкур дар ҳаҷми 16 саҳифаи моҳе ду маротиба, ранга ва бо теъдоди 6000 нусха интишор  меёбад.

Дигар хабарҳо...