Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳоҷирати дохилӣ

Дар соли 2015 тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №677 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кўҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ  дар солҳои 2013-2015» бояд дар ҷумҳурӣ 481 оила: вилояти Хатлон – 227 оила,  вилояти – Суғд 86 оила ва НТҶ  – 168 оила ихтиёрӣ кўчонида мешуданд.

Cоли 2015  дар ҷумҳурӣ ба 481 оилаи муҳоҷирони дохилӣ  қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо гардида,  муҳоҷирон дар мавзеъҳои нави зист ба қайд гирифта шудаанд, ки ин 100 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар вилоятҳои  Хатлон  227 оила,  Суғд  86 оила ва НТҶ 168 оила.

 Ба 481 оилаи муҳоҷирони дохилӣ 1443000 сомонӣ қарзи имтиёзнок (ба ҳар сардори оила 3000 сомонӣ) тавассути оҷонсиҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳру ноҳияҳои қабулкунандаи муҳоҷирон пардохт карда шуд.

ар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказ дар 179 ширкат амалиёти санҷишӣ гузаронида, нисбати 292 – нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои риоя накардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии моддаҳои 499 ва 138 -и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Точикистон  протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз ин теъдод 257  нафари онҳо барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои будубош бо қарорҳои суд аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда  шудаанд.

print

You may also like...