Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баимзорасонии Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2015-2017

DSC03042

24 июни соли 2015, дар бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати  арзанда барои солҳои 2015-2017 аз ҷониби тарафҳо ба имзо расид.

Дар маросими мазкур Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – Сумангул Тағойзода, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон – Шерхон Салимзода, Раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон – Азизбек Шарипов, Директори Минтақавии Бюрои  минтақавии  Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат барои мамлакатҳои  Аврупо ва Осиёи Марказӣ – ҷаноби Хайнц Коллер,  Директори  Гурўҳи дастгирии техникӣ оид ба масъалаҳои меҳнати арзанда ва Бюрои  Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат барои мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ –  хонум Димитрина Димитрова ширкат варзиданд.

Барномаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015, №103  мақул дониста шуда, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор карда  шудааст, ки Барномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намояд.

Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда ба афзалиятҳои миллӣ асос ёфта, дар раванди муколамаи машваратӣ байни шарикони  сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки фаъоли  Гурўҳи дастгирии техникӣ оид ба масъалаҳои меҳнати арзанда ва Бюрои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ таҳия гардидааст. Дар Барномаи нав натиҷаи татбиқи Барнома оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2011-2013, инчунин  натиҷаҳои баҳогузории он аз ҷониби шарикони сетарафа ва ташхисгарони техникии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ба назар гирифта шудаанд.

Барномаи ҳамкорӣ  ҷиҳати  татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон, Стратегияи баланд бардоштни сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон  ва дигар  барномаҳои  амалкунанда, саҳми муносиб мегузорад.

Барнома дорои самтҳои муҳимтарини афзалиятноки ҳамкорӣ бо Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат барои солҳои 2015-2017, натиҷаҳои дахлдор, индикаторҳо ва стратегияи татбиқ буда, инчунин масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва баҳогузориро дар бар мегирад.

Дар Барномаи мазкур се самтҳои муҳимтарини афзалиятноки ҳамкорӣ муайян карда шудааст:

– баланд бардоштани иқтидори шарикони сетарафа дар танзими масъалаҳои афзалиятноки соҳаи меҳнат ҳангоми муколамаи иҷтимоӣ;

– рушди имкониятҳои шуғли арзандаи мардон ва занон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии баргашта;

– беҳтар намудани шароити меҳнат ва фарохкунии ҳифзи иҷтимоӣ.

Бо татбиқи  Барнома   самаранокии фаъолияти Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта  шуда, нерўи шарикони сетарафа оид ба ислоҳоти сиёсат ва низоми музди меҳнат тавассути муколамаи иҷтимоӣ баланд гардида, ба ҳамкорӣ ҷиҳати башаклдарории шуғлнокӣ дар бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти ғайрирасмӣ тақвият бахшида мешавад. Имконияти шуғли арзанда барои ҷавонон бо роҳи инкишофи малакаҳои касбӣ ва омўзиши  соҳибкорӣ зиёд  мегардад. Ҳамзамон низоми миллӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат такмил ёфта, назорати меҳнат  пурзўр  гардида,  ба  ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирон тақвият  бахшида мешавад.    Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат  ба паҳн намудани дониш оид ба масъалаҳои музди меҳнат бо истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ ба ҷараёни ташаккули сиёсат дар соҳаи мазкур мусоидат менамояд.

Барнома оид ба  меҳнати арзанда барои солҳои 2015 – 2017  аз ҷониби шарикони сетарафа дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Гурўҳи дастгирии техникӣ оид ба масъалаҳои меҳнати арзанда ва Бюрои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат  барои  мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, бо дастгирии  идораи минтақавии   Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат  барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, департаментҳои техникии штаб-квартираи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар Женева, инчунин Маркази илмии байналмилалӣ дар Турин татбиқ мегардад. Бо Агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва бо дигар ташкилотҳои байналмилалӣ барои барқарор намудани шарикии стратегӣ ва иҷрои натиҷаҳои асосиии Барнома ҳамкориҳо  тақвият дода мешаванд. Ҳамоҳангсози миллии Ташкилоти Байналмилалии меҳнат дар Тоҷикистон ҳамоҳангсозии умумии раванди иҷрои Барнома ва муттаҳидсозии кўшишҳои миллӣ ва байналмилалиро, ки ба татбиқи босамари он равона шудааст, таъмин менамояд.

print

You may also like...