Омўзиши пешакии лоиҳаи Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба таъсиси ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон | Mehnat.tj

Омўзиши пешакии лоиҳаи Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба таъсиси ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон

IMG 1603

1 июни соли 2015  вохўрии муовини якуми Вазири меҳнат,  муҳоҷират  ва  шуғли  аҳолии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Сангинзода Э.Н. бо Гурўҳи коршиносони Бонки Умумиҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Мохамед  Ихшан  Аджвад  баргузор гардид.

Мақсади  вохўрӣ   омўзиши  пешакии лоиҳа  оид ба  таъсиси ҷойҳои  корӣ,  инчунин  нақшаи амали мутобиқкунонӣ  аз  рўи  Барномаи  “Кор  ва салоҳият”  буд.

Дар вохўрӣ оид ба вазъи имрўзаи бозори меҳнат ҷиҳати таҳия намудани стратегияи  умумӣ   ва  нақшаи  амалҳо  бо  мақсади  ҳалли  масъалаҳои  таъсиси  ҷойҳои нави корӣ ва шуғли аҳолии  ҷумҳурӣ   ҳаматарафа шарҳ дода  шуд.

Инчунин, дар вохўрӣ масъалаҳои касбомўзии мутахассисон дар заминаи муассисаҳои давлатии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Вохўрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ доир гардид.

Дигар хабарҳо...