Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи ФМД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик

Ифтитоҳи ФМД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик

 

Санаи  23  апрели соли равон зимни сафари кори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ҷаноби Олӣ,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик бинои замона сохти сеошёнаи маркази таълимӣ ва хизматрасонии  «Меҳри модар»  ифтитоҳ шуд,  ки аз ҷониби соҳибкори Ватанӣ Анвар Қурбонов бунёд ёфтааст.

 

Дар ошёнаи дуюми ин бино Филиали МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» кушода шуд, ки дар он аз рўи ихтисосҳои  «Асосҳои омўзиши компютерӣ», «Ороишгари мўй», «Дўзандагӣ» ва «Қаннодӣ»  барои касбомўзии ҷавонону духтарон шароит фароҳам оварда шудааст.

 

Дар ин марказ беҳтарин мутахассисони ҷумҳурӣ гирд оварда шудаанд.

Барои омўзонидани касбҳои қанодӣ 19 нафар, дўзандагӣ 20 нафар, ороишгари мўй 10 нафар ва асосҳои омўзиши компютер 25 нафар касбомўзон алакай ҷалб гардидаанд.

print

You may also like...