Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имтиҳони муҳоҷирони меҳнатӣ

Ба диққати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия сафар менамоянд расонида мешавад, ки аз 1 январи соли 2015 шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсия Россия, шаҳодатномаи (сертификати) забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Россияро пешниҳод менамоянд.

Шумо метавонед маълумотро дар бораи Марказҳои тести давлати оид ба забони русӣ (ҳамчун забони хориҷӣ), таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия аз сомонаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суроғаи www.mehnat.tj дастрас намоед.

Тести забони русӣ аз 5 қисм: калима ва грамматика, хониш, аудирование, имло ва нутқ. Барои иҷрои тест 2,5 соат вақт ҷудо карда мешавад. Баҳодиҳӣ бо системаи ҷадвали 100 – бала ҳисоб карда мешавад. Барои гузаштан аз тест 60 – бал кифоя аст. Шаҳодатнома (сертификат) барои 5 сол дода мешавад.

Боҷи давлатӣ барои гузаштани тест 3000 рубли Федератсияи Россияро ташкил медиҳад. Инчунин, хоҳишмандон метавонанд курсҳои омодагии алоҳидаро гузаранд, ки маблағи онҳоро Марказҳое, ки курсҳои мазкурро ташкил кардаанд, муайян менамоянд.

Ҳамзамон, шумо метавонед дар ин сомона, маълумотро дар бораи суроғаи Марказҳои тестӣ дар ҳамаи минтақаҳои Федератсияи Россия дастрас намоед.

print

You may also like...