Семинар-машварат ва ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар шаҳри Гулистон | Mehnat.tj

Семинар-машварат ва ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар шаҳри Гулистон

Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд бо мақсади дар амал татбиқ намудани Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №799 «Дар бораи маъқул донистани Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд мунтазам корбарӣ намуда истодааст.

Тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд санаи 22 сентябри соли 2016 дар Кохи Истиқлоли шаҳри Гулистон бо иштироки бевоситаи зиёда аз 100 нафар мудирони шуъбаи кадрҳо, ҳуқуқшиносон, раисони иттифоқҳои касабаи ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ вакорфармоёни шаҳр, семинар-машварат доир ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, тартиби бастани созишномаву шартномаҳои коллективӣ, ҳуқуқи корфармо ва корманд ташкил ва гузаронида шуд.

Дар семинари мазкур намояндаҳои Раёсати Агентии меҳнат вашуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, кумитаи иттифоқҳои касабаи комплекси агросаноатии вилоят, Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят, иштирок намуда, мақсади гузаронидани семинарро ба ҳозирин фаҳмонида доданд.

Сипас миёни корфармоён ва мутахассисони соҳа саволу ҷавоб доир гардида, корфармоён оиди тағйиру иловаҳои ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани шартномаву созишномаҳои коллективӣ, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, суғуртаи иҷтимоию нафақа, аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти кормандон, қоидаҳои гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз рўи шароити меҳнат, бартарафнамудани қарздорӣ аз музди меҳнат, тартиби пур кардани дафтарчаҳои меҳнатӣ, додани рухсатиҳои ҳомиладорӣ ва ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ба худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Ҳаминтавр семинари мазкур барои корфармоён дар як рўҳияи озод ва манфиатбахш доир гардид.

Ҳамчунин, аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Гулистон мавод ва дастурамалҳо оид ба муносибатҳои меҳнатӣ ба иштирокдорон тақдим карда шуд.

Мақсади гузаронидани семинарии мазкур шинос намудан аз тағйиру иловаҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил намудани намояндагии кормандон дар ташкилоту муассисаҳо, ба имзо расонидани шартномаҳои коллективӣ, пешгирӣ намудан аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, фаҳмонида додани ҳифзи ҳуқуқҳои кормандон ва корфармоён буд.

Ҳамчунин, санаи 23 сентябри соли 2016 дар шаҳри Гулистон бо мақсади бо ҷойи кории доимӣ таъмин намудан, ба касбомўзию ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандони бешуғл ва шаҳрвандони аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ватан баргашта ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ярмарка аз ҷониби 13 ташкилоту корхонаҳои шаҳри Гулистон зиёда аз 196 адад ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод барои шаҳрвандони корҷў аз рўйи ихтисосҳои гуногун пешниҳод карда шуд, ки музди маоши моҳонаи вазифаҳои озод аз 500 то 2000 сомонӣ мебошад.

Дар натиҷаи ярмаркаи мазкур ба 10 нафар шаҳрвандони корҷуянда барои бо ҷойи корӣ таъмин шудан роҳхат дода шуда, 3 нафар ба касбомўзонӣ сафарбар карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки давоми нўҳмоҳи соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 214 ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд. Дар ин ярмаркаҳо 2451 корхонаю ташкилотҳо иштирок намуда, 23601 ҷойҳои кории холиро пешниҳод намуданд. Тавассути ин ярмаркаҳо 1202 нафар корҷуён ва бекорон ба ҷойҳои кории доимӣ таъмин гашта, 1444 нафар ба касбомўзӣ ва 437 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд. Ҷамъи шаҳрвандони бекори ба воситаи ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ба шуғл ҷалбшуда 3083 нафарро ташкил дод.

Дигар хабарҳо...