Баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ | Mehnat.tj

Баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва баргузории озмунҳо, мусобиқаҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ  бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои «Ҳунарҳои мардумӣ», «Зардўзи беҳтарин» ва  «Ҳунарҳои заргари беҳтарин» дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз намуд.

Бояд қайд намуд, ки озмунҳои мазкур дар 3 давра – сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мегарданд. Даври якуми он – сатҳи ноҳиявӣ санаи 6 августи соли ҷорӣ дар миқёси ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Баргузории даври дуюми озмун, дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ санаи 13 августи соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда,  чорабинии мазкур дар шаҳри Душанбе, соати 17:00 дар саҳни Китобхонаи милли Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад.

Тибқи низомнома барои иштироккунандагони озмунҳои ҷумҳуриявӣ талаботи донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, доштани яке аз ҳунарҳои мардумӣ, иштироки фаъолона дар намоишҳои сатҳи маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба анъанаҳои қадимаи халқи тоҷик, навҷўӣ ва ташаббускорӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ муқаррар карда шуда буд ва аз ҷониби иштироккунандагон талаботи мазкур риоя гардид.

Давраи ҷамъбастии озмунҳо дар аввали моҳи сентябри соли 2016 дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе баргузор гардида, ғолибон бо диплом ва мукофотҳо сарфароз мегарданд.

Дигар хабарҳо...