Гузориши хабарӣ | Mehnat.tj

Гузориши хабарӣ

Имрўз, 14 феврали соли 2018, дар толори варзишии МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» Намоиш-ярмаркаи ма ҳсули дастранҷи 32 нафар устои таълими исте ҳсолии системаи касбии Вазорати ме ҳнат, му ҳоҷират ва шуғли а ҳолии Ҷум ҳурии Тоҷикистон, ки дар зарфи як мо ҳ бо ро ҳнамоиву  ҳидояти омўзгорони Ҷум ҳурии Туркиё нозуки ҳои касби кафшергарӣ омўхта, со ҳиби ша ҳодатнома ҳои байналмилалии касби «Кафшергар» мешаванд, баргузор гардид. 

 

Хотиррасон бояд кард, ки Вазорати ме ҳнат, му ҳоҷират ва шуғли а ҳолии Ҷум ҳурии Тоҷикистон   ҳамкори ҳои судмандро  бо  Агентии туркӣ оид ба  Ҳамкори ҳо ва  ҳамо ҳангсозии назди Девони Вазирони Ҷум ҳурии Туркиё ва корго ҳи (офис)  ҳамо ҳангсози Агентии туркӣ оид ба  ҳамкорӣ ва  ҳамо ҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон  аз соли 2009 оғоз намудааст.

Ҳамкори ҳои Тараф ҳо дар доираи «Протоколи  ҳамкори ҳо дар со ҳаи маълумоти касбӣ», ки 23 октябри соли 2009 байни Агентии ТИКА ва Вазорати ме ҳнат ва  ҳифзи иҷтимоии а ҳолии Ҷум ҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, зина ба зина тавсеа ёфтаанд.

Пеш аз  ҳама, бо мақсади ко ҳиш додани сат ҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон, Вазорати ме ҳнат, му ҳоҷират ва шуғли а ҳолии Ҷум ҳурии Тоҷикистон дар минтақа ҳои гуногуни кишвар марказ ҳои таълимии омўзиши калонсолонро тибқи талаботи бозори ме ҳнат таъсис дод, ки қисми а ҳолии бешуғл, ба хусус ҷавонону калонсолон, духтарон ва занони хонашин имконияти азхуд кардани касбу ихтисос ҳои гуногунро пайдо намуданд.

Дар доираи  ҳамкори ҳои тарафайн, ҷи ҳати рушди заминаи техникии таълимӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва барои пешбурди таълими босифат ва тайёр кардани мутахассисон аз тарафи Агентии туркӣ оид ба  ҳамкори ҳо ва рушд соли 2012 дар маркази мазкур сехи таълимии кафшергари барқӣ бо тамоми таҷ ҳизоти муосири техникӣ сохта ба истифода дода шуд. То имрўз дар сехи таълимии номбурда зиёда аз 800 нафар аз омўзиш гузаштаанд.

Инчунин, дар заминаи ин  ҳамкори ҳо, бо мақсади тайёр намудани мутахассисони со ҳаи хизматрасонӣ, аз қабили: пешхизмат, ошпаз, бармен ва дигар мутахассисони со ҳаи хўроки умумӣ тарабхонаи таълимӣ бо тамоми таҷ ҳизоту восита ҳои таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Айни замон дар ин тарабхона касбомўзон, махсусан бонувону ҷавондухтарон ба омўзиши касб ҳои болозикр машғул буда, нозуки ҳои санъати хизматрасониро тибқи талаботи сат ҳи байналмилалӣ азбар менамоянд.

Ҳамзамон Вазорати меҳнат, му ҳоҷират ва шуғли а ҳолии Ҷум ҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи Бокортаъминкунӣ ва Шуғлнокӣ (MESIP), ки дар кишвар ҳои гуногуни дунё аз тарафи Агентии туркӣ оид ба  ҳамкорӣ ва  ҳамо ҳангсозӣ (ТИКА) амалӣ мегардад, аз 15–уми январ  то 15 феврали соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» бо 32 нафар омўзгорони муассиса ҳои таълими касбии вазорат тренинг доир ба касби кафшергарӣ барқӣ баргузор кард. Тренинги мазкур бобати такмили ихтисоси омўзгорони Марказ ҳои таълими калонсолон ва литсей ҳои касбӣ, ки дар ша ҳру но ҳия ҳои ҷум ҳурӣ фаъолият менамоянд, ҷараён гирифт. Барои дар сат ҳи баланди касбӣ баргузор намудани машғулият ҳои назарӣ ва амалии тренинг 3 нафар мутахассисони варзидаи со ҳаи кафшергарӣ аз Ҷум ҳурии Туркиё ба сифати омўзгор  даъват  шуд, ки он ҳо дар зарфи як моҳ таҷриба ва нозуки ҳои касбро ба усто ҳои таълимии системаи вазорат омўзониданд.

Дар ин рўз ма ҳсули дастовард ҳои зерини усто ҳои таълими исте ҳсолии системаи вазорат, ки бо ро ҳнамои ҳои омўзгорони ТИКА кафшерваслӣ намудаанд, ба намоиш гузошта шуданд: шамъдон, миз, нимпайкара, гулдон, рамз ҳои Тоҷикистону Туркиё, фура, шохи гавазн, дарвоза, партовқуттӣ, оташ, дарахт, лаклак, зинапоя, тафдони сихкабоб, киштӣ, трактор, дилфин, таёра ва қандил.

Пас аз анҷоми барномаи таълимӣ ба омўзгороне, ки курси такмили ихтисосро бомуваффақият гузаштаанд, ша ҳодатнома ҳои касбии  сат ҳи байналмилалӣ супорида шуд.

Дар маросими супоридани ша ҳодатнома ҳо ба хатмкарда ҳои курси такмили ихтисос, намояндагони Вазорати ме ҳнат, му ҳоҷират ва шуғли а ҳолии Ҷум ҳурии Тоҷикистон, Агентии туркӣ оид ба  Ҳамкори ҳо ва  ҳамо ҳангсозии назди Девони Вазирони Ҷум ҳурии Туркиё ва корго ҳи (офис)  ҳамо ҳангсози Агентии туркӣ оид ба  ҳамкорӣ ва  ҳамо ҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон ширкат варзиданд.

 

                                                                            МД «Маркази таълими

                                                                          калонсолони Тоҷикистон»

Дигар хабарҳо...