Вохўрии Тағойзода С.С. бо Тургумбаев Е. З. дар ҳошияи ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон | Mehnat.tj

Вохўрии Тағойзода С.С. бо Тургумбаев Е. З. дар ҳошияи ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон

12 феврали соли 2018 дар ҳошияи ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкорихои иқтисодӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии Вазир Тағойзода Сумангул Саид бо муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон Тургумбаев Ерлан Заманбекович баргузор гардид.

Зимни вохўрӣ Тарафҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои вазоратҳои ҳарду кишварро дар самти муҳоҷират мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, оид ба натиҷаҳои ин ҳамкориҳои муштарак изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Инчунин, Тарафҳо оид ба ҷараёни мувофиқасозии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори ҳарду кишвар мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар танзими масъалаҳои муҳоҷират ба мувофиқа расиданд.

Дигар хабарҳо...