Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАР РЎЗНОМА-АРЗЁБИИ НАТИҶАҲОИ ТАҲҚИҚОТ

Бо ибтикори Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» дар ҳамдастӣ бо Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар доираи марҳалаи 2-уми лоиҳаи «Бартарафсозии буҳрон ва таъмини меҳнати арзанда», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Финландия маблағгузорӣ мегардад, бо ширкати намояндагони Федератсияи иттифокҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимони варзида ва мутахассисони вазоратҳо,  ташкилотҳо ва муассисаҳои ҷумҳурӣ  рўзҳои 7 ва 8 феврали соли 2018 дар толори калони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўйи «Пешниҳоди натиҷаҳои «Таҳқиқоти вазъи меъёрбандӣ ва пардохти меҳнат дар корхонаҳо, ташкилотҳо ва  муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбати «Мизи мудаввар» доир гардид.

Мутиева С. Ҷ. – директори Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» ба ҳозирин натиҷаҳои таҳқиқоти дар самти вазъи меъёрбандӣ ва пардохти меҳнат дар корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдодаро муаррифӣ кард.

Юнусов Ҷ. – намояндаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар баромади худ нақши иттифоқҳои касабаро дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешгирии ихтилофҳои меҳнатӣ қайд намуд.

Раҷабов Р. О. – сардори раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиммият ва зарурати тайёркунии мутахассисони соҳаи меъёрбандӣ ва пардохти меҳнат дар муассисаҳои таҳсилотии ҷумҳуриро таъкид кард.

Омелченко И.Б. – директори Маркази омўзиши муносибатҳои меҳнатӣ ва бозори меҳнати МФБД «ПИТУ меҳнат»-и Вазорати меҳнати Федератсияи Россия дар бораи таҷрибаи Федератсияи Россия дар ҷодаи меъёрбандӣ ва пардохти меҳнат андешаронӣ намуд.

Стюдер Николя-мутахассиси масоили музди меҳнати Бюрои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар шаҳри Москва, дар ҳузури ширкатдорон баромад намуда, роҷеъ ба принсипҳои роҳбарикунандаи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ва таҷрибаи байналмилалии марбути андозаи ҳадди ақали музди меҳнат, ба имзо расонидани шартномаҳои  коллективӣ ва пардохти баробар бо арзиши баробари меҳнат изҳори ақида кард.

Ширкатдорони суҳбати «Мизи мудаввар» масоили меъёрбандӣ ва пардохти меҳнат дар ҷумҳуриро, ки ба хулосаҳо ва тавсияҳои зерини таҳқиқот алоқаманд мебошанд, мавриди баррасӣ қарор доданд:

– бартарафсозии табақабандии беасос дар пардохти меҳнат дар корхонаҳои (ташкилотҳои) соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт;

– андозаи ҳадди ақали музди меҳнат ва тартиби таҷдиди назари он бо мақсади наздиксозии марҳала ба марҳалаи он ба андозаи ҳадди ақали буҷети истеъмолӣ;

– татбиқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ, ки принсипи пардохти баробар бо ихтисоси баробарро таъмин месозад;

– дар корхонаҳо (новобаста ба шакли моликият) ташаккул додани сохторҳо (хадамот) оид ба меъёрбандӣ ва пардохти меҳнат.

Дар раванди суҳбат ширкатдорон ба саволҳои мубрами рўз, аз қабили: оё хулосаҳо ва тавсияҳои пешниҳодшуда бо назардошти  воқеияти Тоҷикистон иҷрошаванда ва рўзмарра мебошанд ва кадом вазифаҳои асосиро дар раванди таҳия намудани Концепсияи ташкили кор оид ба меъёрбандӣ ва пардохти меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2023 ба назар гирифтан лозим аст, посухҳои мушаххас гирифтанд.

                                                          

Савлатшоҳи Ховарӣ, рўзноманигор

print

You may also like...