Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузориши матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 (6 феврали соли 2018, соати 09.00)

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  соли 2017   фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти  барномаҳои стратегӣ ва ҳадафҳои рушди миллӣ ба роҳ монда,  ба натиҷаҳои  муайян  ноил  гардид.

Дар соли 2017  ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ аз ҷониби вазорат дар маҷмўъ 36 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия  гардид, ки аз ин шумора  18 адади он қабул ва боқимонда дар  баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 декабри соли 2017 музди миёнаи меҳнат 1135,16 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 195,5 сомонӣ ва ё 20,8 фоиз зиёд шудааст.

Дар робита ба пешгирию бартарафсозии қонунвайронкуниҳо ва ҷуброни ҳаққу ҳуқукҳои меҳнатӣ  ва иҷтимоии шаҳрвандон, аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар соли 2017 фаъолияти 2559 адад субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шуд. Аз 2559 санҷиши нақшавӣ ҷиҳати таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, меъёрҳои бехатарии меҳнат, риояи стандартҳо ва экспертизаи давлатии шароити меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва 615 санҷишҳои ғайринақшавӣ оид ба масъалаҳои меҳнат, 319 санҷишҳои ғайринақшавӣ оид ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 95 санҷишҳои ғайринақшавӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират ва 114 санҷишҳои ғайринақшавӣ оид ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ рост меояд.

Дар натиҷаи ҳамаи назорату санҷишҳои анҷомёфта 9050 адад қонунвайронкуниҳо ошкор гардиданд, ки аз ин 6687 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 1797 ҳолат ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 208 ҳолат ба масъалаҳои муҳоҷират ва 358 ҳолат ба масъалаҳои  шуғли аҳолӣ дахл  доранд.

Барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ нисбати 577 нафар корфармоён ва дигар шахсони масъули корхонаю ташкилотҳо дар ҳаҷми 615,5 ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ таъин гардида, бо дахолати кормандони хадамоти мазкур дар  натиҷаи  санҷишҳо 125 миллиону 588 ҳазор сомонӣ  ба  буҷети  давлатӣ  ва  шаҳрвандон  пардохт карда шуд.

Масъалаи шуғли аҳолӣ ва беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагӣ дар меҳвари сиёсати ягонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар давоми соли 2017 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 119422 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд, ки 78385 нафари он ҳамчун корҷўй ба қайд гирифта шуда, ба  49239 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмўъ 49207 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд, ки ин нишондиҳанда 131,1 фоизи нақшаи солонаи барномаро ташкил медиҳад ва дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9867 нафар ё 25,9 фоиз зиёд мебошад. Аз  теъдоди мазкур  3410 нафар тавассути ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо), 3956 нафар аз ҳисоби қарзҳои имтиёзнок, 6290 нафар тавассути ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ, 10950 нафар аз ҳисоби хатмкардагони курсҳои тайёрии касбӣ ва 24601 нафар бо роҳхати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз ҳисоби ҷойҳои кории холӣ (вакансия) бо кор таъмин гардиданд.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар маҷмўъ 125 168 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.

Аз шумораи умумии ҷойҳои нави кории таъсисдодашуда 60244  ҷойи кории доимӣ (48,1 фоиз), 30591 ҷойи кории муваққатӣ (24,4 фоиз), 29140 ҷойи кории мавсимӣ (23,3 фоиз), 1450 ҷойи кории иловагӣ (1,1 фоиз) ва 3744 ҷойи кории барқароршуда (2,9 фоиз) мебошанд.

Давоми  соли гузашта дар ҷумҳурӣ  720 ярмаркаи ҷойҳои кории  холӣ гузаронида шуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 18 адад зиёд мебошад. Дар ин ярмаркаҳо 8127 корхонаю муассисаҳо иштирок намуда, ба корҷўён ба ҳисоби миёна дар як моҳ 10,0 ҳазор ҷойи кории холиро пешниҳод намуданд. Дар натиҷаи баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 8417 нафар шаҳрвандон ба ҷойи кор роҳхат гирифта, аз ин шумора 6290 нафар (74,7%) бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 684 нафар зиёд аст. Дар баробари ин, тавассути ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 6257 нафар шаҳрвандон роҳхат барои касбомўзӣ ва 1575 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок гирифтанд. Дар маҷмўъ, тавассути ташкил ва гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар давраи баррасишаванда 14122 нафар шаҳрвандон ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд, ки аз ин теъдод 2541 нафар занон ва 2690 нафарашон ҷавонон мебошанд.

Дар ин давра тавассути муассисаҳои давлатии таълимии касбии системаи вазорат 106 ҳазору 932 нафар шаҳрвандон ба тайёрии касбӣ фаро гирифта шуда, малакаи онҳо бо шаҳодатнома тасдиқ карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1117 нафар зиёд мебошад.

Омўзиш ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар фаъолияти муассисаҳои таълимии касбии  системаи вазорат васеъ ба роҳ монда шуда, дар соли ҳисоботӣ  17213 нафар занон ва духтарони хонашин ба омўзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб гардиданд, ки  дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 8055 нафар зиёд мебошад.

Таъмини соҳаҳои хоҷагии халқ бо кадрҳои соҳибихтисоси коргарӣ яке аз ҳадафҳои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, масъулияти дар сатҳи зарурӣ тайёр ва соҳибкасб намудани онҳо боназардошти талаботи бозори меҳнат ба зиммаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст.

Дар соли хониши 2017 – 2018 дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ 21 ҳазору 197 хонанда таҳсил намуда истодаанд, ки аз ин теъдод 4 ҳазору 875 нафарашон (23%) духтарон мебошанд. Аз шумораи умумии хонандагон 18 ҳазору 587 нафар дар гурўҳҳои буҷавӣ ва 2 ҳазору 610 нафар дар гурўҳҳои шартномавӣ таҳсил доранд.

Соли 2017 литсейҳои касбии техникии кишварро 12 ҳазору 912 нафар хатм кардаанд, ки 3 ҳазору 91 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии хатмкардагон 3573 нафар ё ин ки 27,7 фоизи онҳо бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Танзими масъалаҳои муҳоҷирати аҳолӣ яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Дар соли 2017 аз ҷумҳурӣ  487 757  нафар  шаҳрвандони кишварамон ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуданд, ки нисбат ба соли 2016 – 29 551 нафар  ё ин ки 6% фоиз кам мебошад.

Дар ин давра аз хориҷи кишвар 412 660 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан бозгаштанд, ки нисбати соли 2016 – 24 314 нафар ё ин ки 6 фоиз коҳиш ёфтааст.

Бо назардошти он ки муҳоҷирати муваққатии меҳнатии шаҳрвандони кишвари мо асосан ба Федератсияи Россия рост меояд, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ пайваста дар ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор  дода мешаванд.

Моҳи апрели  соли 2017 ҷаласаи 12-уми Гурўҳи кории муштараки Тоҷикистону Россия оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи муҳоҷират ва моҳи майи соли сипаришуда ҷаласаи Шўрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳоҷирати аҳолӣ мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамчунин, бо ибтикори вазорат Конференсияи байналмилалӣ оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор карда шуд, ки дар кори он намояндагони мақомотҳои муҳоҷирати давлатҳои ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ташкилотҳои байналмилалӣ ва як қатор вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок намуда, ҷиҳати танзми равандҳои муҳоҷират тавсиянома қабул  намуданд.

Дар соли 2017 аз ҷониби гурўҳи коршиносони дуҷонибаи Тоҷикистону Россия ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои 5 категорияи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Федератсияи Россия манъ гардидааст, баррасӣ карда шуда, дар ин давра ба 313 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозаи дубора ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Россия дода шуд.

Дар соли 2017 ба сохторҳои Хадамоти муҳоҷират вобаста ба масъалаҳои муҳоҷират 97 055 нафар шаҳрвандон муроҷиат кардаанд.

Бо мақсади пешбурди корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар маҳалҳо ва Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ 2710 вохўриҳо бо аҳолӣ гузаронида шуданд.

Фаъолияти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират  дар соли сипаришуда асосан ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони мо дар ин давлат равона гардида, кормандони он дар ин давра 34 ҳазору 658 муроҷиату дархостҳои муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ намуданд. Бо дахолати Намояндагӣ дар ин муддат 32 млн. 654 ҳазор рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони кишварамон аз тарафи корфармоён, баргардонида шуд.

Бо мусоидати Намояндагӣ 44 қарорҳои судҳои ноҳиявӣ нисбати шаҳрвандони мо бо қарорҳои судҳои болоии Федератсияи Россия бекор карда шуданд. Аз ҷониби кормандони Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва фаъолони диаспораҳо, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар мавзуъҳои муҳим дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар  минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия 169 вохўриву суҳбатҳо гузаронида шуданд.

Вазорат дар ин давра бо диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои фарҳангии ҳамватанони бурунмарзӣ робитаи зичро ба роҳ монд. Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар  30 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Конференсияи миллӣ дар мавзуи “Раванди реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатӣ ва нақши диаспораҳо ҳамчун шарикони рушд” баргузор гардид, ки дар кори конференсияи мазкур намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони диаспора ва ҳамватанони бурунмарзӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, сафоратҳои хориҷӣ иштирок намуданд.

Айни замон дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавиашон ба муддати муайян ба Федератсияи Россия манъ гардидааст, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби сохторҳои вазорат ва дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ин давра зиёда аз 4000 нафар чунин шаҳрвандон дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Дар соли 2017 аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират дар асоси квотаи муқарраршуда ба 6 645 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои амалӣ намудани фаъолияти корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикиистон иҷозат дода шудааст. Ширкатҳое, ки барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ иҷозатнома доранд,  31053 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷойҳои корӣ таъмин намуданд.

Ҳамзамон, барои вайрон кардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи ҳисоботӣ нисбати 474 нафар протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, 173 нафари онҳо бо қарорҳои судӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда шуданд.

Соли 2017 дар асоси нақшаҳои тасдиқшуда ба 276 оилаи муҳоҷирони ихтиёрӣ ба мавзеъҳои нави зист ва  ба 349 хоҷагӣ  аз минтақаҳои хавфноки ҷойдошта дар мавзеъҳои бехавфӣ ҷумҳурӣ қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо шудааст.

Ба ҳамаи оилаҳои муҳоҷирони дохилию экологӣ қарзи имтиёзнок  ва кумаки якдафъаинаи моддӣ пардохт карда шуда, айни замон аз ҷониби муҳоҷирон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар ин мавзеъҳо идома дорад.

Вазорат дар давраи ҳисоботӣ ҳамкориҳои байналмилалии соҳавиро идома дода, ҷиҳати таҳкими ин робитаҳо 3 санад, аз ҷумла  Созишномаи ҳамкорӣ бо  Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия, Ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи Дўстии Корея-Осиёи Марказӣ ва  Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба рушди ҳамкориро ба имзо расонид.

Дар самти корҳои ободонию созандагӣ бояд қайд кард, ки аз ҷониби вазорат дар соли 2017 майдончаи варзишӣ дар қисмати ғарбии шаҳраки 92 ноҳияи Сино №36 бо маблағи 659, 50 ҳазор сомонӣ сохта ва ба истифода дода шуд.

print

You may also like...