Вохўрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тағойзода С.С. бо Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прадип Сривастав | Mehnat.tj

Вохўрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тағойзода С.С. бо Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прадип Сривастав

Имрўз Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тағойзода С.С.  бо роҳбари Намояндагии доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Прадип Сривастав вохўрӣ доир намуд.

Зимни вохўрӣ масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ, шуғли аҳолӣ ва таълими калонсолон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.

Бояд қайд намуд, ки дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омўзиш” бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд амалӣ гардида истодааст, ки дар доираи он синфхонаҳо, кабинетҳои махсусгардонидашудаи таълимӣ, устохонаҳо ва биноҳои хобгоҳи хонандагони 21 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 5 филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва 2 филиали Маркази касбомўзӣ ва соҳибкорӣ таъмиру тармим карда шуда истодаанд, ки  онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ, ашёву аёниятҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.

Инчунин, барои 17 ихтисосҳои интихобгардида стандартҳои салоҳияти касбӣ таҳия мегардад, ки дар асоси он барномаҳои таълимӣ ва асбобҳои нави баҳодиҳӣ омода мешаванд.

Ҷаноби Прадип Сривастав аз рафти амалишавии лоиҳаи мазкур арзи қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати дастгирӣ намудани соҳаи системаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.

Вохўрӣ дар фазои дўстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

 

 

Дигар хабарҳо...