Омўзиши нуктаҳои асосии Паём | Mehnat.tj

Омўзиши нуктаҳои асосии Паём

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои вазифаҳое ки дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадашуда, санаи 31 январи соли ҷорӣ бо иштироки муовини вазир, олимони МД «Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ», кормандони дастгоҳи марказии вазорат омўзиши нуктаҳои асосии Паёми баргузор гардид.

Вобаста ба он С.П. Хоркашев, мудири шуъбаи муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии МД «Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» маърўза намуда, иброз намуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба масъалаҳои соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ки кафолати таъмини аҳолии қобили меҳнат бо шуғли муносиб мебошад, диққати махсус доданд. Ҳамзамон эълон шудани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» масъалаҳои омўзиши касбу ҳунарҳои мардумиро дар муассисаҳои таълимии системаи вазорат ба мадди аввал бароварда, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону духтарон ба омўзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ мусоидат менамояд.

Дар фарҷоми чорабинӣ муовини Вазир Н. Маҳмадуллозода зикр намуданд, ки расидан ба ҳадафҳои зикргардида аз ҳар як корманди вазорат ва сохторҳои система масъулияти шахсиро тақозо менамояд ва барои ноил гаштан ба ҳадафҳои гузошта шуда, содиқона ва аҳлона кўшишу ғайрат намоем.

 

Дигар хабарҳо...