Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохўрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тағойзода С.С. бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Найтхарт Хёфер – Виссинг

Имрўз Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тағойзода Сумангул Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Найтхарт Хёфер – Виссинг мулоқоти арзи адаб намуд.

Дар ҷараёни мулоқот Тарафҳо   масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар самтҳои фаъолияти вазорат, аз ҷумла дар самти шуғли аҳолӣ, тайёрии касбии шаҳрвандон, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон баррасӣ ва муҳокима намуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар доираи ҳамкорӣ бо Ҷамъияти ҳамкориҳои баналмилалии Олмон (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи  «Дастгирии ҷараёни ислоҳоти соҳаи таҳсилот ва омўзиши касбии калонсолон дар Тоҷикистон» аз соли 2008 то соли 2016 амалӣ гардид, ки дар таъмир ва ташкили базаи моддӣ-техникии марказҳои таълими калонсолон ва филиалҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас гузошт. Инчунин дар доираи барномаи мазкур устоҳои таълими истеҳсолии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои омўхтани таҷриба ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Ҷумҳурии Беларусия сафарҳои омўзишӣ намудаанд, ки дар раванди омода намудани мутахассисони баландихтисос дар ҷумҳурӣ нақши муҳимро иҷро намуд.

Тарафҳо ҷиҳати рушди ҳамкорӣ ва мусоидат дар соҳаҳои мавриди назар изҳори умедворӣ намуда, омодагии худро вобаста ба  идома додани ҳамкориҳои муштараки минбаъда иброз намуданд.

Вохўри дар фазои дўстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

 

print

You may also like...