25 январ – Рўзи кормандони соҳаи меҳнат | Mehnat.tj

25 январ – Рўзи кормандони соҳаи меҳнат

Имрўз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи кормандони соҳаи  меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маҷлиси тантанавӣ бо иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва роҳбарони муассисаҳои он баргузор гардид.

Бо сухани ифтитоҳӣ Вазир, Тағойзода Сумангул Саид ба маҷлис  ҳусни оғоз бахшида, тамоми иштирокчиёнро бо Рўзи касбиашон, самимона табрику таҳният гуфта, қайд намуданд, ки Рўзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нахустин маротиба 25 январи соли 2013 ҷашн гирифта шудааст, ки он вақт вазорат ҳам бо ҳамин ном – Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият мекард. Дар тўли солҳои соҳибистиқлолӣ сохтори вазорат якчанд маротиба тағйир ёфта бошад ҳам, вале масъалаҳои сиёсати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бар зиммаи вазорат боқӣ мондааст. Айни замон Вазорат дар самти таҳияи санадҳои муҳими меъёрии  ҳуқуқӣ доир ба танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон ҳамасола корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад.

Қобили зикр аст, ки айни замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул додани се ҷанбаи  асосии муносибатҳои меҳнатӣ, яъне мусоидат ба таъмини аҳолии қобили меҳнат бо шуғли муносиб, танзими воқеии муносибатҳои байни корфармою корманд ва баланд бардоштани музди меҳнат эътибори ҷиддӣ медиҳад.

Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ба масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ки кафолати таъмини аҳолии қобили меҳнат бо шуғли муносиб мебошад, диққати махсус доданд. Ҳамзамон эълон шудани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» масъалаҳои омўзиши касбу ҳунарҳои мардумиро дар муассисаҳои таълимии системаи вазорат ба мадди аввал мебарорад. Расидан ба ҳадафҳои болозикр масъулияти шахсиро аз ҳар як корманди вазорат ва сохторҳои системаи он тақозо менамояд, ки содиқона бо дилу нияти пок кўшишу ғайрат намоянд. Зеро сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо, ободкориву созандагиҳо ва хотирҷамъиву шукуфоиҳо меҳнати созанда мебошад.

Дар фарҷоми маҷлис як қатор кормандони собиқадори соҳаи вазорат бо нишони сарисинагии аълочии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин бо ифтихорномаҳо сарфарозонида шуданд.

Дигар хабарҳо...