Машғулиятҳои омўзишӣ дар Вазорат | Mehnat.tj

Машғулиятҳои омўзишӣ дар Вазорат

Бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси  миллии ватандўстӣ, фарҳанги муошират, риояи меъёрҳои  либоси ташрифотӣ  дар мақомоти  ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои омўзишӣ барои кормандони  дастгоҳи марказии  вазорат барои давраи  декабри соли 2017 ва  семоҳаи якуми  соли 2018 тасдиқ карда шуд.

Шурўъ аз моҳи декабри соли 2017 то имрўз дар дастгоҳи марказии вазорат ҳафтае як маротиба бо иштироки муовинони Вазир, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаҳо ва сармутахассисон  ба  муддати 45 дақиқа  дарсҳо дар мавзўҳои «Забони миллат- ҳастии миллат», «Ташвиқу тарғиби худшиносиву худогоҳӣ  дар замони истиқлолият» ва Эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ: Либоси миллӣ ва фарҳанги либоспўшӣ»  гузаронида шуданд,  ки дар онҳо Ҷамолиддин Саидзода, ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Инчунин тибқи нақшаи тасдиқгардида то моҳи март ташкилу баргузории дарсҳо дар мавзўҳои  «, «Асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» ва  аҳамияти тарбиявии он», «Одоби хизматчии давлатӣ ва тарзи пўшидани либоси хидматӣ», «Гуфтори ибратомўзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маърўза, суханронӣ ва асарҳояш», «Нақши адабиёт дар ифшои хурофоот ва таассуби мазҳабӣ», «Васфи сухан ва суханварӣ дар осори адибон», «Муқаддасоти миллӣ, рамзҳои давлатдорӣ. Конститутсия», «Мавзўи Ватан ва ватандустӣ  дар ашъори шоирону нависандагони классик ва муосири тоҷик», «Вазъи забон ва адабиёт дар замони Аҳмади Дониш ва замони мо», «Агар зан намебуд, олам намебуд», «Риояи меъёрҳои забони тоҷикӣ ҳангоми навишт ва гуфтор (алифбо ва имло)», «Наврўз-ҷашни миллӣ ва байналмилалӣ» ва «Ватандўстӣ ва ватанпарварӣ – саодати ҷавонон» пешбинӣ шудаанд, ки барои гузаронидани онҳо устодон ва  мутахассисони варзида ҷалб гардида, дар он фаъолона иштирок менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки кормандони вазорат ба мавзуъҳои зикршуда таваҷҷуҳ ва завқи баланд дошта, он барои таҳкими худшиносии кормандон, огоҳӣ аз асолату фарҳанги миллаӣ посдоштани арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.

Дигар хабарҳо...