Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017

Имрўз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳайати васеи мушовара «Дар бораи натиљањои фаъолияти вазорат дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018»  бо иштироки роҳбарияти вазорат, агентӣ, хадамотҳо ва сохторҳои системаи он баргузор гардид. Инчунин дар кори ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалањои рушди иљтимої ва робита бо љомеа Рањмонзода А.А.   иштирок намуд.

Маҷлиси љамъбастиро  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тағойзода С.С.  ифтитоҳ намуда, доир ба дастовардҳои вазорат дар соли 2017, мушкилоти ҷойдошта дар фаъолият ва вазифаҳо барои соли 2018 маърузаи ҳисоботӣ намуданд. Дар ҷараёни маҷлис масъалаҳои марбут ба муносибатҳои меҳнатӣ, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидои касбӣ ва таълими калонсолон баррасӣ гардида, масъулини соњањо доир ба самтҳои фаъолияти худ гузориш доданд. Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда  қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар интиҳои маҷлис Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалањои рушди иљтимої ва робита бо љомеа Рањмонзода А.А.  дар маҷмўъ ба фаъолияти вазорат баҳои  мусбӣ дода,  ҷиҳати иљрои вазифаҳои дар пешистода ба масъулин дастуру супориши мушаххас доданд.

 

 

 

 

 

 

You may also like...