Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омўзиши нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷиқистон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 25 декабри соли 2017  дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни баргузории ҷаласа  бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ  ва сохторҳои тобеи он  нуқтаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рўзи 22 декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, мавриди омўзиш ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар рафти чорабинии мазкур муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – Сангинзода Эмин Нуъмон маърўза карда, иброз намуд, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамо ва барномаи амал барои ҳамаи вазорату идораҳо, сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои соли 2018  мебошад.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои хурду миёна ва бо ин васила дар давоми соли 2018-ум таҳия намудани 110 ҳазор ҷойи кори доимӣ, бахусус, барои занону ҷавонон супориш дода шуд. Инчунин, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани сатҳи касбомўзӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ҷалби бештари занону ҷавонон ба омўзиши касбу ҳунарҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгў, ҳамчун масъалаҳои муҳим ва ҳалталаб  муайян  гардидаанд.

Бинобар ин, масъулини вазоратро зарур аст, ки барои иҷрои саривақтӣ ва сифатноки дастуру супоришҳои Пешвои миллат тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Дар ҷараёни вохўрӣ иштирокчиён андешаву бардоштҳои худро аз Паём иброз доштанд ва таъкид гардид, ки баҳри амалӣ намудани бандҳои Паёми Сарвари давлат тамоми саъю кўшиш  ба харҷ дода хоҳад шуд.

 

print

You may also like...