Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумаки фонди «Лона» ба МДТ «Литсейи касбии махсуси маъюбон»

IMG_416416 ноябри соли 2017  аз ҷониби фонди хайрияи «Лона»  барои истифодаи  хонандагони муассисаи давлатии таълимии  «Литсейи касбии махсуси маъюбон», ки дар шаҳри Душанбе қарор дорад, кумак дар шакли техникаю таҷҳизоти компютерӣ  расонида шуд.

Дар чорабинӣ директори  фонди мазкур Бобохонов Ҷурахон Арабович, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва  шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифӣ Усмоналӣ, директори литсей  Шамсуллоева Мавлуда ва дигар масъулини марбута иштирок намуданд.

Бобохонов Ҷ.А. дар назди хонандагони литсей  суханронӣ намуда, оид ба фаъолияти фонд маълумот дод ва кумаки мазкурро ҳамчун омили руҳбаландкунанда ва тақвияти минбаъдаи донишу малакаи  хонандагони литсей дар соҳаи технологияи иттилоотӣ  арзёбӣ кард.

Хонандагони литсей бо ибрози миннатдорӣ аз кумаки техникии мазкур, маҳсули ҳунарҳои дастии худро намоиш доданд ва ваъда намуданд, ки тамоми саъю кўшишашонро барои аз худ намудани донишҳои  муосир, аз ҷумла технологияи  иттилоотӣ  ба харҷ   хоҳанд дод.

Директори фонд ибрози умедворӣ кард, ки дар оянда низ барои хонандагони литсейи мазкур, ки қишри  осебпазири  ҷомеа маҳсуб мешаванд, кумак хоҳад расонд.

Фонди хайрияи «Лона»  соли 2009  ташкил карда шудааст ва  дар давраи сипаришуда амалҳои назарраси хайриявиро анҷом додааст, ки асосан таъмини кудакони бемор аз оилаҳои камбизоат  бо дорувориҳои лозима, таъмири беморхонаҳо, ҷиҳозонидани марказҳои шифоӣ  бо асбобҳои муосири  тиббии техникӣ,  гузаронидани чорабиниҳои дилхушию фарҳангӣ барои кудакони бемор,  бошандагони интернатҳо ва  хонаи  пиронсолонро   дар  бар  мегирад.

 

You may also like...