Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории ҷаласаи иттифоқҳои касаба дар Вазорат

IMG_4116Бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 2017, №48434 (25 – 2) ва дархости Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 16 октябри соли ҷорӣ, №01/602 соати 1500, санаи 15 ноябри соли равон, дар толори вазорат оид ба рафти иҷрои Созишномаҳои соҳавӣ ва шартномаҳои коллективӣ, такмили муносибатҳои шарикии иҷтимоӣ, тақвияти ҳаракати иттифоқи касаба ва ташвиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳифзу ҳуқуқу манфиатҳои меҳнаткашон маҷлис баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Тағойзода Сумангул Саид ба Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим ва Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Наргис Ҷўрахон, ки дар он бевосита иштирок ва суханронӣ намуданд, изҳори миннатдорӣ баён карда, ҳозиринро бо идҳои бузург – Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 – умин солгарди Иҷлосияи 16 – уми тақдирсози Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Парчами миллии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломатӣ, баракат дар кору рўзгор ва осмони софу беғубори Тоҷикистони азизро таманно намуданд.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим дар бораи созишномаҳои соҳавӣ, шартномаҳои коллективӣ, ки барои кумитаҳои иттифоқҳои касаба санади асосӣ маҳсуб меёбад, изҳори назар карда, қайд намуд, ки дар аксарияти ташкилоту муассисаҳо шартномаҳои коллективӣ ва созишномаҳои соҳавӣ барои давраҳои муайян баста мешаванд ва ҳоло дар ташкилотҳо таҳияи пешниҳодҳо барои бастани шартномаҳои коллективӣ барои давраи солҳои 2018 – 2020 идома дорад. Таъкид гардид, ки танзими муносибатҳои байни корфармо ва корманд дар соҳаи ҳифзи меҳнат, муҳайё сохтани шароитҳои мусоид ва бехатарии меҳнат барои кормандон, ҳифзи саломатии аъзоёни иттифоқи касаба муҳимтарин вазифаҳои оинномавии кумитаҳои иттифоқи касаба ба шумор мераванд.IMG_4126

Тавсия дода шуд, ки лоиҳаи шартномаҳои коллективӣ таҳияшаванда барои давраи солҳои 2018 – 2020 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи иттиҳодияи корфармоён», «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ», «Дар бораи ҳифзи меҳнат»  ва «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» мутобиқ гардонида шаванд.

Дар кори маҷлис кормандони дастгоҳи марказӣ, раисони кумитаҳои иттифоқи касабаи кормандони дастгоҳҳои марказии вазорат, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, хадамотҳо ва муассисаҳои давлатӣ ширкат намуданд.

 

You may also like...