Вохӯри бо донишҷӯёни литсей | Mehnat.tj

Вохӯри бо донишҷӯёни литсей

3Бо ибтикори шӯъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд мулоқот бо донишҷӯёни литсейи касбии сохтмонии №31-и маркази вилоят доир гардид, ки дар он 35 нафар иштирок намуданд. Ёдовар мешавем, ки мавзӯи асосии ин мулоқот муҳоҷирати бехатар, омодагии пеш аз сафар ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва ҳизбу ҳаракатҳои эктриместӣ буд, ки аз фармоиши Хадамоти муҳоҷират аз 9 декабри соли 2016, №28 «Дар бораи Стретегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба эктремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» сарчашма мегирад.

Мулоқот бо сухани ифтитоҳии директори литсей Зӯҳро Ҳакимова оғоз ёфт. Баъдан дар назди иштирокчиён сардори шӯъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Саторова Манзурат суханронӣ кард.

Баъди шунидани баромад дар байни иштирокчиён ва баромадкунанда музокира барпо гардид, ки дар рафти он донишҷӯён барои мулоқоти маърифатӣ изҳори сипос намуданд.

Дигар хабарҳо...