Баргузории машварати коршиносон | Mehnat.tj

Баргузории машварати коршиносон

8 img_4036ноябри  соли  2017  дар  бинои дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  машварати коршиносон  оид ба  баррасии лоиҳаи Созишнома байни  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба мақоми ҳуқуқии намояндагии  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳоҷират  дар Федератсияи Россия ва намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба муҳоҷират баргузор  гардид.

Дар машварат  намояндагони мақомоти дахлдори  ҳарду ҷониб иштирок  доштанд. Ҳайати Ҷумҳурии img_4028
Тоҷикистонро муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Маҳмадуллозода Н.Р. ва ҳайати Федератсияи Россияро муовини сардори Раёсати ташрифоти давлатии Департаменти коргузорӣ ва  кор бо муроҷиати шаҳрвандон ва ташкилотҳои Вазорати корҳои дохилӣ Лузганов В.Н. роҳбарӣ доштанд.

Зимни мувофиқаи матни Созишнома  тағйироту иловаҳои ҷониби тоҷикистонӣ ва пешниҳодҳои  намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати  адлияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   ба инобат гирифта шуданд. Дар ҷамъбасти машваратҳо лоиҳаи Созишнома ба мувофиқаи пешакӣ расида, Тарафҳо  ба қарор омаданд, ки дар муҳлати кўтоҳ лоиҳаи зикршударо ҷиҳати баррасии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои худ бифиристанд.

Бояд тазаккур дод, ки Созишномаи мазкур мақоми ҳуқуқии  намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  (оид ба масъалаҳои муҳоҷират) дар Федератсияи Россия ва намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Росссияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид  ба муҳоҷиратро  ба танзим медарорад.

 

Дигар хабарҳо...