Таҷлили ҷашни рўзи Конститутсия | Mehnat.tj

Таҷлили ҷашни рўзи Конститутсия

img_4003   Имрўз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи кормандони  дастгоҳи марказӣ  ва  сохторҳои  он ҷашни рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷлил гардид.

Чорабинии тантанавиро  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид   ифтитоҳ намуда, ҳозиринро  ба муносибати таҷлили ҷашни  рўзи Конститутсия табрику таҳният гуфта,  қайд кард, ки  “Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду  мустақил  ва ҳамзамон бо ин, санади танзимкунандаву  муайянсозандаи  низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд  мебошад”.

  Дар идомаи суханронӣ Тағойзода С.С. таъкид намуд, ки “маҳз бо азму иродаи ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қабули ин ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ барои бунёди давлати соҳибис­тиқ­лола­мон заминаи устувор ба вуҷуд овард ва дар раванди таҳкими ҳоки­мияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши барҷаста бозид. Санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард ва ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид”.img_4019

Дар анҷоми маърўзаи худ ва фарҷоми чорабинӣ         Тағойзода С.С.  ҳозиринро бори дигар бо ҷашни мазкур табрик намуда, қайд кард, ки ҳоло аз ҳар як  фарди  худогоҳу худшинос,  ватандўсту ватанпараст талаб карда мешавад, ки ба манфиати Ватан, давлат ва халқи худ софдилонаву содиқона кору зиндагӣ карда, тамоми  кўшишу  ғайрати худро  баҳри   пешрафти  давлати  мустақили тоҷикон,  таҳкими минбаъдаи мавқеъ ва эътибори  Ватани  азизамон  дар  арсаи байналмилалӣ  равона созад.

Дигар хабарҳо...