МУЛОҚОТ БО ДИАСПОРАҲОИ ТОҶИК

Дар чаҳорчуби барномаҳои ҷашнии 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо гуруҳи намояндагони диаспораҳо ва итиҳодияҳои ҷамъиятии тоҷик, ки дар Федератсияи Россия будубош карда, барои иштирок ба тантанаҳои ҷашнӣ ба ш. Душанбе ташриф оварда буданд, мулоқоти бо самар анҷом гирифт.

Нахуст муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон Сангинзода Эмин Нўъмон намояндагони диаспораҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии тоҷикро бо ҷашни бузурги  26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфта зикр дошт, ки ободию шукуфоӣ ва пешрафти кишвар аз бисёр ҷиҳат ба ҳамкориҳои судманд ва робитаҳои зичи дуҷониба вобаста мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита Асосгузори сулҳу       ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  мавриди дастгирӣ, ҳаллу фасли масоили гуногуни муҳоҷирон дар кишварҳои муҳоҷирпазир ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо пайваста тадбирҳои амалӣ меандешанд. Бо ин мақсад дар  аксар вохурию мулоқотҳои хеш Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия ҷаноби Владимир Путин масъалаҳои умдаю мубрами муҳоҷиронро мавриди баррасӣ қарор дода, ба  натиҷаҳои самарбахш комёб гаштаанд. Авфи наздик 110 ҳазор нафар муҳоҷирони тоҷик, ки бо қарори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар моҳи март-апрели соли равон сурат гирифта буд, мисоли равшани ин гуфтаҳост.

Дар идома таваҷҷуҳи иштирокдорони мулоқот ба масъалаҳои шомилшавии ҷавонони тоҷик ба гуруҳҳои ифротгарову тундрав нигаронида шуд, ки дар ин маврид аз ҷониби намояндагони диаспораҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ пешниҳодоти судманд иброз гардид.

Раиси маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар вилояти Челябинскии Федератсияи Россия Исломиддин Раҷабов зимни мулоқот иброз намуд, ки дар вилояти фавқ 300 нафар донишҷўёни тоҷик ва беш аз 10 ҳазор тоҷикон, ки шаҳрвандии Россияро пазируфтаанд, аҳлона будубош доранд. Дар баробари кору фаъолиятҳои ҳаррўза мушоҳида мегардад, ки муҳоҷирони тоҷик ба вохўрию мулоқот бо шоирону нависандагон, аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ муҳтоҷ мебошанд.

Ҳамзамон пешниҳоди мазкур аз ҷониби намояндаи вилояти Кемерево ва раиси ҷамъияти ҷавонони ш. Новосибирск низ дастгирӣ ёфта,онҳо изҳор намуданд, ки дар ҳақиқат шаклҳои босамари ҳамкориҳо ва вохуриҳои дуҷонибаро бо муҳоҷирони кишварҳои муҳоҷирпазир роҳандозӣ кардан ба талаботи рўз мувофиқ мебошад.

Намояндагони тоҷикони вилояти Тюмен ва ш. Краснодар бошанд, дар ҳамоиш бо назар бамасъалаҳои дархури рўз–забон омўзию касбомўзии ҷавонон пешниҳод доштанд, ки мутахассис, пеш аз ҳама, дар ватан ҳама ҷиҳата тайёр гардад ва сипас ба муҳоҷирати корӣ азми сафар намояд.

Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти соҳа Нурулло Маҳмадуллозода ва сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода вобаста ба масоили забономўзию касбомўзии ҷавонон дар ҷумҳурӣ ба таваҷҷуҳи намояндагони диаспораҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии тоҷикон аз ҷараёни таълим дар муассисахои таҳсилоти калонсолон, омўзиши касбу ҳунарҳои замонавӣ,  омодакунии мутахассисон, шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ, амали курсҳои кўтоҳмуддат ва иқдомоти тоза дар ин самт бештару муфассалтар иттилоъ дода, даъват ба амал оварданд,  ки робита ва ҳамкориҳои дуҷонибаро наздиктару комилтар ба роҳ мондан аз аҳамият холӣ нест. Зеро ҳар нафаре, ки дар кишвари муҳоҷирпазир будубош менамояд, муаррифи Тоҷикистони азиз мебошад ва ў набояд ба он роҳ диҳад, ки номи миллат ва волидону оилаи худро доғдор созад.

– Бинобар ин, – гуфт дар идомаи сухан Нурулло Маҳмадуллозода, -ҳар як намояндаи диаспора ва иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷиконро зарураст, ки ҷиҳати ҳамкориҳои судманд ба нафъи кишвар масъулияту эҳсоси баланди ватандорӣ зоҳир намояд ва аз ҷараёни масъалаҳои муҳим, бахусус фаъолияти Намояндагиивазорат дар Федератсияи Россия, рўйдодҳои номатлубу ношоиста ва умуман воқеоте, ки ба муҳоҷирон ва муҳоҷират иртибот доранд, ҳатман сарпарастони соҳаро огаҳ созанд. Танҳо ҳамкориҳои дуҷониба ва иртиботи зич метавонанд дар ҳаллу фасли масъалаҳои ҷой дошта нақши калидӣ дошта бошанд.

Дар охири мулоқот муовини якуми Вазир Сангинзода Э.Н. мулоқотро ҷамъбаст намуда, намояндагонии диаспора ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии тоҷикро бори дигар ба ҳамкориҳои созандаву ободгарона баҳри рушди устувори кишвари азизамон даъват кард.

 

Дигар хабарҳо...