Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 26-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

img_3266Имрўз, 8-уми сентябри соли 2017 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии он баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанавиро муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинзода Э. Н. ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин дастоварди мардуми кишвар дар садаи ХХ ба шумор рафта, Ваҳдати миллӣ дар барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ  заминаи асосӣ гузоштааст.  Аз оғози даврони истиқлолият то ба имрўз ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар равона гардида, дар ҳамин асос ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ густариш пайдо намуда, ҷиҳати таъмини ҳадафҳои стратегӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Инчунин, қайд гардид, ки соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолӣ чун дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша зери таваҷҷуҳи хосаи Роҳбарияти Олии кишвар қарор дошта, яке аз соҳаҳои калидӣ маҳсуб меёбад ва айни замон дар амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда дорад, ки он дар таҳия ва татбиқи як қатор стратегияву барномаҳои соҳавӣ инъикос ёфтаанд.

Дар фарҷом як қатор кормандони фаъоли дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он барои фаъолияти пурсамар ва бахшида ба ин саннаи пуршукуҳ бо нишони сарисинагии «Аълочии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

 

 

 

 

Дигар хабарҳо...