Баргузории мусобиқаи футболи хурд миёни дастаҳои сохторҳои Вазорат

img_3183Бахшида ба муносибати  26-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати оммавӣ гардонидани варзиши футбол дар ҷумҳурӣ  мусобиқаи футболи хурд миёни дастаҳои дастгоҳи марказӣ  ва  сохторҳои зертобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор карда шуд.

Дар мусобиқа дар маҷмўъ  6 даста иштирок намуданд. Ба даври ниҳоӣ тимҳои Дастгоҳи марказӣ,  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират ва Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  роҳ ёфтанд. Дар финал  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  ҷои аввал ва  Дастгоҳи марказӣ ҷои дуюмро соҳиб гардиданд. Ҷойи сеюмро дастаи Хадамоти муҳоҷират ишғол намуд.

Ба ғолибон ҷом  ва туҳфаҳои хотиравӣ  аз ҷониби роҳбарияти  вазорат супорида шуданд.img_3191

 

Дигар хабарҳо...