Иштирок дар форум

20170804_102435Бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 то 6 августи соли равон дар вилоят Форуми ҷумҳуриявии намояндагони ҷавони вазорту идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо бахшида ба Соли ҷавонон таҳти унвони «Мо ҷавонон пайрави Пешвои миллат» доир гардид. Дар ин чорабинии бонуфуз Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мутахассиси пешбари шӯъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Рустам Ҷамолов намояндагӣ кард.

Форум аз пешвозгирии ҷавонон дар ноҳияи Айнӣ оғоз гардида, баъдан дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара ва Ҷаббор Расулов идома ёфт. Дар доираи барномаи он дар шаҳри Исфара мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ» дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти ҷавонон бо Раиси вилоят доир гардид. Онҳо ҳамчунин аз боғи фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандӣ дидан намуда, барномаи калони консертиро тамошо карданд.

Баргузории ин форум дар мустаҳкам шудани робитаи дӯстии ҷавонон ва пойдории сулҳу ваҳдат дар кишвар нақши муҳим дошт.

Дигар хабарҳо...