Дар самти дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ

Боиси хурсандист, ки дар самти дастгирии муҳоҷирони меҳнатии аз қаламрави Федератсияи Русия берункардашуда ва воридшавиашон ба ин кишвар манъгардида дар радифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шӯъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва корхонаю ташкилотҳои давлатӣ соҳибкорони инфиродӣ ва корхонаҳои бахши хусусӣ ҳам саҳми назаррас мегузоранд.

Аз ҷумла, ҶДММ «Ориёно Б. Б.», воқеъ дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон таҳти сарварии соҳибкор Бурҳон Бурҳонов ҳамкориро бо бахши Хадамоти муҳоҷират хуб ба роҳ монда, дар самти мазкур корҳои шоистаро ба анҷом расонида истодааст.

Маҳз дар доираи ҳамин ҳамкорӣ моҳи равон 3 нафар собиқ муҳоҷирони меҳнатии берункардашуда бо ҷои кор ва маоши баланд дар ҳаҷми аз 900 то 1200 сомонӣ таъмин гардиданд. Ёдовар мешавем, ки ҶДММ «Ориёно Б. Б.» ба истеҳсоли маҳсулоти асбестӣ, аз ҷумла шифер машғул мебошад ва дар он барои меҳнату истироҳати хуби коргарон тамоми шароитҳои зарурӣ мавҷуданд.

Дар радифи ин амали хайр тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашнҳои Иди Қурбон ва 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Гулистон ба ду оилаи камбизоат кӯмаки яквақтаи моддӣ расонид. Бахш тасмим гирифтааст, ки бахшида ба дигар ҷашну санаҳои таърихӣ ҳамчунин амалҳои хайру савобро ба роҳ монад.

Дигар хабарҳо...