Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

img_3016 28 августи соли 2017 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш бо иштироки роҳбарияти Вазорат, кормандони масъули дастгоҳи марказӣ ва кормандони техникии он баргузор гардид.

Доир ба моҳият ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар асоси пешниҳоди сокинони мамлакат таҳия гардидааст, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа, Усмоналӣ Латифӣ баромад намуда, вобаста ба меъёрҳои нави пешниҳодгардида, ки барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона карда шудаанд, банд ба банд шарҳ дод.

Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиён дар маҷмуъ иқдоми нек ва инсонпарваронаи Сарвари давлатро ҷонибдорӣ намуда, нуктаҳои алоҳидаи тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкурро мавриди омўзиш ва муҳокима қарор доданд. Инчунин, ҳозирин оид ба уҳдадориҳои шаҳрвандон дар татбиқи қонун, ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳо роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ, оростани дастурхони хоксорона дар рўзҳои Иди Рамазон ва Қурбон маълумоти мушаххас гирифтанд.img_3010

Дигар хабарҳо...